ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АЗ ЯК СОКИНИ ПОЙТАХТ БАРОИ АСБОБИ ЧИЛИМКАШӢ 753 ҲАЗОР ДОЛЛАР(!!!) ГИРИФТААНД

Марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки аз як  марди 43-солаи сокини пойтахт  бо роҳи фиреб  бо ваъдаи барои равнақи тиҷораташ аз хориҷа овардани асбоби чилимкашӣ 753 ҳазор доллар (!!!)гирифтааст, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

хххххххххххххх
Марди 37-солаи сокини Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб аз як сокини пойтахт бо ваъдаи аз хориҷа овардани маҳсулот барои равнақи тиҷораташ 60 ҳазор доллар гирифта, ин пулҳоро ба манфиати худ сарф кардааст.

ххххххххххх

2 навраси 14 ва 15-сола аз ноҳияи Варзоб ба он гумонбар мешаванд, ки Ба соати сеи шаби 30 июл пинҳонӣ вориди як мағоза дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт шуда, аз он ҷо 11 ҳазор сомонӣ ва базаи камераи мушоҳидавиро дуздидаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 5 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Содир гардидани ду ҳолати қаллобӣ бо маблағи махсусан калон

01

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 753 ҳазор доллари амрикоӣ (!!!) гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ маводи истифодабарии чилимро дастрас менамояд, аммо номбурда то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ӽамзамон зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 60 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ якчанд намуд маҳсулот дастрас менамояд, аммо маблағӽои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Дастгир гардидани ноболиғон бо ҷурми дуздӣ

019.jpg

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 36-солаи сокини шаӽри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 30-юми июли соли 2022, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Деҳлавии пойтахт гардида, бо роҳӣ пинҳонӣ аз он ҷо 11 ҳазор сомонӣ ва базаи камераи мушоҳидавиро тассаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғони 14 ва 15-солаи сокинони ноҳияи Варзоб ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button