ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМА ДАР ДАНҒАРА ВА МАСТЧОҲ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзҳои 7 ва 8 июли соли 2022 як пиёдагарди 72-сола ва як дучархарони 60-сола зери чархи мошинҳои раҳгузар ҷон додаанд.

Аз ҷумла субҳи барвақти 8-уми июл, тахминан соати 05:10, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Абдуллоев Абдураҳим Муҳриддинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Х.Ш.Балхии ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кабиров Анвар Касирович, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагарди 72-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин 7-уми июли соли 2022, тахминан соати 17:45, ронандаи мошини тамғаи «Портер», Шарипов Абдурашид Хошокович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи мазкур, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон, Фозилов Мирзоумар Одилович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа дучархарони 60-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои ин кишвар то 400 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Суръати баланди ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин роҳҳову мошинҳои фарсуда аз иллатҳои умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар дар роҳҳои Тоҷикистон ном бурда мешаванд. Вақтҳои охир ҳангоми рондани мошин истифода бурдани телефонҳои мобил ба як сабаби дигари умдаи садамаҳо, аз ҷумла садамаҳои марговар табдил ёфтааст.

Субҳи 5-уми июли соли 2022, тахминан соати 07:30, як сокини 58-солаи шаҳри Левакант дар ҳудуди шаҳраки Бӯстонқалъа зери чархи мошини тамғаи «Опел-Астра» монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҳалок шуд.

Рӯзи 3 июл дар ду садама дар Хоҷағалтони ноҳияи Ш.Шоҳин ва деҳаи Гулободи ноҳияи Ҳамадонӣ ду кӯдаки пиёдагарди соли таваллуди ҳардуяш 2012 зери чархи мошинҳои роҳгузар ҷон бохтанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button