ВидеоҶомеа

СОКИНИ САРАТОҒИ АЙНӢ ҚУДОЯШРО БАРОИ ЧӢ КУШТ? (ВИДЕО)

ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабари қаблан нашркардаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи як ҳодисаи одамкушӣ дар деҳаи Саратоғ дар дараи Искандаркӯли ноҳияи Айнии вилояти Суғдро тасдиқ кард.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи милитсияи вилояти Суғд дар гузоришаш гуфт, шаҳрванд Яқибов Аюб, соли таваллудаш 1967, зода ва сокини деҳаи Саратоғи ҷамоати Фондарёи ноҳияи Айнӣ ҳамчун гумонбар дар қатли қудои собиқаш бо изи гарм дастгир карда шуд.

Бино ба фарзияи ВКД, Яқибов субҳи барвақти 14 июни соли 2022 хушдомани собиқи духтараш Холова Розия Ҳомидовна, соли таваллудаш 1963, сокини деҳаи Саратоғро дар хонаи истиқоматиаш бо корд зада, ба ҳалокат расондааст. ВКД мегӯяд, Яқибов ҳангоми куштани қудои собиқаш бо вуҷуди онки ҳанӯз субҳи барвақт буд, дар ҳолати мастӣ қарор дошт.

Манобеи “Бомдод” қаблан гуфта буданд, ки Аюб холаи Розияро тақрибан соати 5 то 6 куштааст.

ВКД мегӯяд, ҷудо шудани писари Розия Холова аз духтари Аюб Яқибов боиси хусумати давомдор байни ду авлод шуд, ки дар ниҳоят ба чунин фарҷоми хунин овард.

Худи Аюб Яқибов дар барномаи “Ахбори ВКД” ҳодисаро чунин нақл кард: “Дар айвони хонааш аввал салом карда, сипас бо корд як бор ба шикамаш задам. Баъди ин дасташро сар додам, афтод, ман боз ба тахтапушташ корд задам.  Зарбаи сеюми корд дигар дар ёдам нест. Аз ҳамин ҷо ман ақиб гаштам…”

Акбар Шарифӣ мегӯяд, ҷабрдида барои қотил нафақат қудои собиқ, балки хешованди наздик: духтари амак ва хоҳари ҳамсараш низ буд.

Розия Холова, бар асоси натиҷаҳои ташхис, дар натиҷаи се захми корд аз ноҳияи қафаси сина, шикам ва тахтапушташ, дар роҳ ба бемористон ҷон бохт. Ба Аюб Яқибов барои одамкушӣ то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори хешовандони наздик, аз ҷумла қатли ҳамсарон аз дасти шавҳарон гузоришҳои зиёд ба даст мерасанд.

Ахиран ВКД дар бораи боздошти як сокини қаблан судшудаи ноҳияи Панҷ хабар дод, ки рӯзи 7 июни соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ падари 78-солаашро зада куштааст.

Ҳамин тавр, ВКД хабар дод, ки як сокини 40-солаи Ваҳдат шаби 24 июн ҳамсари 32-солаашро дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ бо ду зарбаи корд ба ҳалокат расондааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button