ВидеоҶомеа

КУШТОРИ ҶАНГАЛБОН ДАР АШТ ДАР ПАЙИ БОЗДОШТИ 9 САР ЧОРВОИ СОКИНОН (ВИДЕО)

Субҳи барвақти 4 май, тахминан соатҳои 5 дар як роҳи кӯҳӣ дар мавзеи Учқунсойи доманакӯҳҳои Қурама дар наздикии деҳаи Дӯлонаи ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Ашт роҳгузарон ҷасади Аъзам Султонов, ҷангалбони хоҷагии ҷангали ин ноҳияро бо аломатҳои марги маҷбурӣ ёфтанд.

Ташхис нишон дод, ки ин сокини 53-солаи шаҳраки Шайдонро бо чандин зарба бо санг ба қисмати пешона ва фарқи сар, ки боиси шикастани косахонаи сари ҷангалбон шудааст, куштаанд.

Ба гуруҳи фаврию тафтишотӣ муяссар шуд, ки бо изи гарм дар як муддати кӯтоҳ ин ҷиноятро кушода, гумонбар: сокини деҳаи Дӯлона Урмоқов Муҳриддин, соли таваллудаш 1992-ро дастгир кунад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар як гузориш, ки тавассути барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, хабар дод, ки Урмоқов дар ҷараёни бозпурсӣ даст доштанаш дар қатли Урмоқовро эътироф карда,  гуфтааст, ҳамон рӯз байни онҳо баҳси тунде сар зад ва азбаски бо якдигар ба ифоқа омада натавонистанд, ӯ Аъзам Султоновро бо санг зада куштааст.

Муҳриддин Урмоқов нақл кардааст, ки ҷангалбон он рӯз 9 гови сокинони деҳаи Дӯлона, аз ҷумла ду гови худи ӯро барои ба замини боғ даромаданашон боздошт карда, мехост нисбат ба сокинони ин говҳо санад, яъне протокол тартиб диҳад.

Урмоқов аз Султонов хостааст, ки говҳои ӯро пас бидиҳад. Вале, бино ба баёноти Урмоқов, ҷангалбон, инро рад карда, ӯро дашномҳои қабеҳ додааст ва ӯ ба хашм омада, бо санг ба ҷангалбон ҳуҷум кардааст.

Урмоқов дар ин гузориш мегӯяд, ки “ман аслан қасди куштани ҷангалбонро надоштам. Фақат мехостам, ки говҳоямро баргардонад. Вале ба мувофиқа расида натавонистем…”

Ба зидди Урмоқов бар асоси қисми сеюми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд.  Ба Урмоқов бар асоси ин банди қонун аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button