ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР: 27 ВА 28 МАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН БОРОНИ СЕЛ ВА ЖОЛАИ САХТ МЕБОРАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 27 ва 28-уми майи соли 2022 дар Тоҷикистон ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Бино ба пешбинии ҳавошиносон, шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди селовар ва жола меборад.

Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22 м/с мевазад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш низ пешгӯӣ шудааст.

Дамои ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа коҳиш меёбад. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳавошиносон омадани селҳоро низ пешбинӣ кардаанд.

Рӯзҳои 27-28 майи соли 2022 эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳӣ низ маслиҳат нест.

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.  

Ғайр аз ин аз аҳолӣ хоҳиш карда мешавад қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button