ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

СОКИНИ РӮШОН ГОША ВОМАР ЗИНДА БУДААСТ (ВИДЕО)

Рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи дар ҷараёни ба ном “амалиёти зиддитеррор” дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кушта шудани як сокини маризи ин ноҳия бо номи Қобилов Ёдгор, ки бо лақаби Гоша Вомар маъруф буд, зиёд менавиштанд. Азбаски Гоша Вомар маризии равонӣ дошт, сарусадоҳо дар бораи марги ӯ вокунишҳои зиёде ба бор овард.

Рӯзи 21 майи соли 2022 мақомоти ноҳияи Рӯшон бо нашри як видео хабари кушта шудани Гоша Вомарро рад карданд.

 Дар ин видео муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон Гулмаст Дӯстализода дар канори Гоша Вомар зоҳир шуд ва гуфт, хабарҳои дар расонаҳо нашршуда дар бораи кушта шудани Қобилов Ёдгор дар ҷараёни амалиёти рӯзи 18 май асос надоранд.

Гулмаст Дӯстализода паҳн кардани хабари бардурӯғи ҳалокати Гошаро кори дасти “террористҳо” ва онҳое номид, ки ба гуфтаи ӯ, “ба террористҳо мусоидат мекунанд”.

Муовини аввали раиси ноҳияи Рӯшон афзуд: “Имрӯз 21 майи соли 2022 аст ва Қобилов Ёдгор ҳоло дар пеши ман аст, зиндаю саломат аст, ягон осеби ҷисмонӣ набардоштааст.”

 Гулмаст Дӯстализода сипас риштаи суханро ба Гоша Вомар дод. Гоша Вомар, ки бо мушкил ва канда-канда ҳарф мезад, тақрибан ба чунин мазмун чанд калима гуфт, ки “зиндаам, Худоро шукр, саломатам. Ин гапҳо дурӯғ аст. Саломату сарбаланд бошед!”

Сокинони ноҳияи Рӯшон рӯзи 17 май дар маркази ин ноҳия, шаҳраки Вомар эътироз карда, роҳи Душанбе Хоруғ Қурмаро бастанд, то монеи ба Хоруғ интиқол додани нирӯҳои иловагӣ шуданд. Мақомоти қудратӣ дар вокуниш ба баста шудани роҳ субҳи 18 май дар Рӯшон амалиёти ҳарбиро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” ба роҳ андохтанд ва алакай баъди чанд соат аз пурра саркӯб кардани эътирозҳо ва кушта шудани як афсару 8 сокини Рӯшон, ҷароҳат бардоштани 13 низомию 11 тан аз тарафи муқобил ва боздошти 114 иштирокчии фаъоли нооромиҳо хабар доданд. Мақомот эътирозгарон дар Рӯшонро аъзои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва “террористон” ном мебаранд, вале сокинон мегӯянд, мақомот болои мардуми бесилоҳ тир кушоданд ва шумораи куштаву захмиҳо дар Рӯшон хеле бештар аз рақамҳои тасдиқкардаи мақомот аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button