ВидеоҲуқуқи инсон

“ОБЛАВА” ДАР ХУҶАНД (ВИДЕО)

Дар як сабти видеоӣ, ки нусхааш ба идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ фиристоданд, лаҳзаи эҳтимолан сарбозшикор ё “облава” нашр шудааст. Ба гуфтаи муаллифон, ин видео дар шаҳри Хуҷанд сабт шудааст. Дар видео дида мешавад, ки як гуруҳи писарону духтарон бо либосҳои мактабӣ дар канори роҳ истодаанд ва чанд нафар як ҷавонро бо зӯрӣ ба як мошини рангаш нуқрагуни рақамаш 21 22 НМ 02 бор карда истодаанд.

Ҷавон бо шиддат муқобилият нишон диҳад, вале “облава”-чиён, ки чанд нафаранд, ӯро ба зӯр ба дарун тела медиҳанд. Дар ҷараёни ин афтударафт ҷавон аз ҳуш меравад ва аз мошин кашол мешавад. “Облава”-чиён бо ин вуҷуд талош мекунанд, ки ҷавони дастгиршударо ба даруни мошин тела диҳанд. Ин амали онҳо хашми атрофиёнро ба бор меорад ва онҳо хитоб ба “облава”-чиён мегӯянд: “О инро ҳушаш рафт, ёрдам диҳед охир!”

Тавре аз сабт бармеояд, ин ҳодиса дар наздикии бурҷи Истиқлолият дар маркази Хуҷанд сурат гирифтааст. Вале донишҷӯ ё хонандаи мактаб будани иштирокчиёни ҳодис, аз ҷумла он ҷавони дастгиршуда ҳанӯз равшан нест.

Видеои нави эҳтимоли сарбозшикор ё “облава” дар Хуҷанд дар ҳоле нашр шуд, ки дар Тоҷикистон мавсими баҳории даъват ба артиш идома дорад. Ин маърака 1 апрел оғоз ёфт ва то 31 май давом мекунад. Вазорати мудофиа ахиран хабар дод, ки дар моҳи аввали даъват, яъне то 1 май нақшаи даъват алакай 70% иҷро шудааст, вале дар тӯли моҳи май дар бораи то ба куҷо расидани иҷрои нақшаи даъват дигар ҳисобот надод.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “сарбозшикор” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава” –шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Мавсими кунунии даъват низ аз шикоятҳо дар бораи “сарбозшикор” истисно набуд. Дар тӯли моҳи апрел дар Интернет чандин видеои лаҳзаҳои маҷбуран дар кӯча доштану ба комиссариат бурдани ҷавонон нашр шуд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ  пайваста аз роҳбарони Тоҷикистон даъват мекунанд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button