Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ФАВРӢ! 7 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН БО НОҲИЯИ СӮХ

Нимаи дуюми рӯзи 21 майи  соли 2022, соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ, як мошини трали тамғаи “Ҳово”, ки ба вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон тааллуқ дошт, дар назди гузаргоҳи марзии  “Чечме” (“Чашма”) ба қатори мошинҳое, ки инҷо навбат меистоданд, бархӯрдааст. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон гуфт, дар натиҷаи ин садамаи пурқурбонӣ 8 нафар, аз ҷумла 2 корманди МЧС ҳалок шудаанд.

Бино  ба фарзияи муқаддамотӣ, ронандаи трал ба далели эҳтимолан аз кор баромадани тормози мошинаш аз уҳдаи идораи мошин баромада натавонистааст.

 Гузаргоҳи “Чечме” дар наздикии шаҳри Ҳайдаркони ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд дар марз бо ноҳияи тоҷикнишини Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҷойгир шудааст.    “Чечме” шакли дар гӯиши қирғизҳо вайроншудаи мавзеи Чашма аст.

 “Кормандони МЧС Қирғизистон аз шаҳри Ӯш ба деҳаи Божойи ноҳияи Қадамҷой барои тоза кардани каналҳои селгузар барои рафъи оқибати селҳои ахире, ки боиси зери об мондани 8 хона шуд, раҳсипор буданж. Ба ҷои ҳодиса 18 наҷотбахши шуъбаи МЧС дар ноҳияи Қадамҷой сафарбар карда шуданд. Сабаб ва оқибатҳои ин ҳодиса муайян карда мешаванд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи МЧС. Дар ноҳияи Сӯх, ки мисли Ворухи Тоҷикистон ва минтақаи Шоҳимардон, боз як минтақаи дигари Ӯзбекистон дар даруни қаламрави Қирғизистон дармондааст, аксарияти кулли аҳолиро

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button