Хабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ  МАБЛАҒИ БУЗУРГ АЗ ЯК ТЕРМИНАЛ ДАР МАСТЧОҲ ВА ДУ ҚАЛЛОБИИ ЯК СОКИНИ ВАРЗОБ

Сокини 30-солаи ноҳияи Мастчоҳ ба он гумонбар мешавад, ки шаби 18-уми майи соли 2022, тахминан соати 23:30,  як терминали пулгузарониро дар Мастчоҳ шикаста, аз дохилаш 56 ҳазору 725 сомониро дуздидааст.

ххххххххххххххххх

Сокини 39-солаи ноҳияи Варзоб ба он гумонбар мешавад, ки моҳи январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Ӯ ҳамчунин ба он гумонбар мешавад, ки бо ҳамин роҳ 29-уми ноябри соли 2021, аз сокини 30-солаи ноҳияи Рӯдакӣ низ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 21 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздӣ аз терминали маблағгузорӣ

046

Ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда, 18-уми майи соли 2022, тахминан соати 23:30, дар ноҳияи мазкур бо роҳи шикастани терминали маблағгузорӣ 56 ҳазору 725 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани 2 ҳолати қаллобӣ

037

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи январи соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Номбурда бо ҳамин роҳ 29-уми ноябри соли 2021, ба боварии марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button