ВидеоТаърих

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ПЕШ АЗ ИДИ ҒАЛАБА БА ҲАР ВЕТЕРАНИ ҶАНГ 3 ҲАЗОР СОМОНӢ ДОД

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо судури як қарор ба Сарраёсати молияи пойтахт амр дод, то дар арафаи иди Ғалаба барои ҳавасманд гардондани собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ аз буҷаи шаҳр 288 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо кунанд. Бар асоси ин қарор, ба ҳар собиқадори ҷанг 3 ҳазор сомонӣ ва ба онҳое, ки дар солҳои 1941-1945 дар ақибгоҳ корнамоӣ нишон додаанд, ҳамчунин ба маъюбони ҷаенги Афғонистону ҷангҳои дигар, маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме 800 сомонӣ дода мешавад.

Ба масъулони шаҳрдорӣ амр шудааст, то ин туҳфаҳоро на дертар аз 7 май ба собиқадорон бирасонанд.

Иди Ғалаба дар Тоҷикистон рӯзи 9 май таҷлил мешавад. Ин рӯз дар тақвим ҳамчун рӯзи ид зи истироҳат эълон шудааст.

Котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон Элмурод Турсунов ахиран хабар дод, ба ҳолати то 12 апрели соли 2022 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 59 иштирокчии Ҷанги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 боқӣ монда буд. Аз ҷумла ҳоло дар пойтахт, шаҳри Душанбе ҳамагӣ 9 ветерани ҷанг ба сар мебаранд.

Элмурод Турсунов ба хабаргузории “Авеста”  гуфт, моҳи апрели соли 2021 шумораи собиқадорони ҷанги дуюми ҷаҳон дар Тоҷикистон 98 нафар буд. Дар як соли охир боз 39 нафари онҳо тарки дунё кардаанд.

Бино ба иттилои Турсунов, дар шаҳри Душанбе 9 собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ боқӣ монда, 19 ветеран дар вилояти Суғд, 18 нафар дар вилояти Хатлон ба сар мебаранд. Ҳамин тавр, як дар Шаҳринаву Ҳисор сенафарӣ, дар Турсунзода ва Варзоб дунафарӣ ва дар ноҳияҳои Сангвор, Файзоборд ва Рӯдакӣ ҳамагӣ якнафарӣ аз собиқадорони ҷанг боқӣ мондаанд.

Бино ба иттилои Турсунов, ветерани аз ҳама калонсоли Ҷанги бузурги ватанӣ Рашид Каримов аст, ки 9 майи соли 1912 ба дунё омада, 9 майи соли 2022, дар рӯзи Иди Ғалаба ба синни 110 мерасад. Ветерани аз ҳама ҷавонтарин Раҷаб Қурбонов аз ноҳияи Сангвор 96 сол дорад.

Дар ҷабҳаҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ба зидди Олмони фашистӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар аз сокинону зодагони Тоҷикистон ҷангидаанд. Аз ин шумор 92 ҳазор нафар дар ҷанг кушта ё беномунишон шуданд. 65 тан аз зодагони Тоҷикистон барои корнамоиҳояшон дар Ҷанги бузурги ватанӣ сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардида, 15 нафар сазовори ҳарсе дараҷаи ордени “Слава” шудаанд. Даҳҳо ҳазор ветерани дигар ҳам аз Ҷанги бузурги ватанӣ ба Тоҷикистон бо сари синаи пур аз ордену медал ва бадани пур аз ҷароҳат баргаштанд.

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №210 АЗ 29.04.2022

29 Апрели 2022, Ҷумъа

   Дар бораи ҷудо намудани маблағ

Бо мақсади ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, бахшида ба 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

                                                       ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе, маблағи 288 600 (дусаду ҳаштоду ҳашт ҳазору шашсад) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 3000 (се ҳазор) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ мутобиқи замима ҷудо намояд.
  2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, бо тантана аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 7 майи соли ҷорӣ супоранд.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button