ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

АНА ҚАЛЛОБӢ! СЕ СОЛ БОЗ ПУЛИ 4 МОШИН, 1 ХОНА, 16 ТОННА АРМАТУРРО НАМЕДИҲАД…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 23 феврал аз ошкор шудани боз ду ҳолати қаллобӣ, аз ҷумла ҳолати қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан бузург, хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, моҳи июни соли 2019 дар назди хонаи истиқоматиаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес ҶЛ», ки арзишаш 44 ҳазору 500 сомонӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес СЛС», арзишаш 34 ҳазори 500 доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи »Лексус-ЛХ», арзишаш 30 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес-С», арзишаш 15 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад автомашинаи тамғаи «Ауди А-5», арзишаш 13 ҳазор доллари амрикоӣ, 1-адад хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 108-метри мураббаъ, арзишаш 43 ҳазору 200 доллари амрикоӣ ва 16-тона арматур, арзишаш 16 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, – гуфта мешавад дар хабар.Маблағи умумии зарар, ба ин тартиб, наздики 156 ҳазор доллар, ё ҳудуди 1,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 66-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2021 марди 48-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 3 ҳазору 100-доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки 4 сотих (0,04-га) қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз назди хонааш гирифта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад

Вақтҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон қариб ҳар рӯз дар бораи ошкор шудани ҳолатҳои нав ба нави қаллобӣ хабар медиҳанд. Ҷомиашиносон мегӯянд, уфти арзишҳои суннатӣ боиси афзоиши ҳолатҳои фиреб додани якдигар ва хиёнат ба амонат шудааст. Рӯҳониёни тоҷик ин тамоюлро ба заиф шудани имони мардум низ бастагӣ медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button