ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СУБҲИ 5 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗА РӮЙ ДОД

Бино ба иттилои Пажуҳишгоҳи геология  ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  субҳи 5 феврал, соати 09:16  дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар боз як заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ба гуфтаи ин  манбаъ, маркази заминларза дар 288-километрииҷанубушарқи Душанбе ва 49-килoметрии ҷанубуғарби Ишкошим, дар ҳудуди вулусволии Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шуда буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 6 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин зилзила талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар надошт. 
Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ танҳо дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 3 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд, дар як моҳи охир 16 чунин заминларза ва дар як соли охир 202 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button