ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ИЛТИМОСИ ПАДАРИ ДАМИРБЕК ОЛИМОВ ДАР МАРОСИМИ ВИДОЪ: БАЧАЯКИ МАРО БОРИ ОХИРИН БО КАФКӮБӢ ГУСЕЛ КУНЕД! (ВИДЕО)

Овозхони шинохтаи тоҷик Дамирбек Олимовро, ки шаби 5 феврал дар як садама дар канори шаҳри Хуҷанд ҷон бохт, нимаи дуюми рӯзи5 феврал дар зодгоҳаш, шаҳраки Ғончӣ, маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба хок супурданд. Дар маросими видоъ ва намози ҷанозаи Дамирбек Олимов дар масҷиди ҷомеи марказии ба номи Абӯбакри Сиддиқ дар Ғончӣ садҳо нафар аз мухлисони ин ҳунарманд гирди ҳам омаданд.

Ботур Олимов, мутриби шинохта ва падари овозхони ҷавонмарг дар маросими видоъ бо фарзандаш дар масҷид аз ҳамаи ҷамъомадон хост, ки писарашро ба роҳи охират бо қарсак гусел кунанд. Падари ғамзада дар ҳоле ки ашк гулӯгираш мекард, хитоб ба мардуми ҷамъомада гуфт: “Ба ҳамаатон раҳмат! Ман як илтимосам ҳаст, ки мумкин гапи ман хато ҳам бошад, бачаяки маро бори охирин бо кафкӯбӣ гусел кунед!”

Баъди  ин илтимоси падари ғамзадаи Дамирбек мавҷи кафкӯбӣ майдонро фаро гирифт.  Ба ин тартиб, маросими видоъ бо овозхон охирин бенефиси ӯ шуд ва мавҷи кафкӯбиҳо дар бағал Дамирбек раҳсипори  охирин сафари худ – сафари охират шуд…

Худованд сафарашро бехатар гардонад!

Дамирбек Олимов шаби 5 феврал дар як садама дар гардиши Боғи миллӣ дар мавзеи Сартӯқай дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон бохт. Дар ин садама ду навозандаи гуруҳи Дамирбек Олимов ҷароҳат бардоштанд. Бино ба хабарҳо, мошини Дамирбек Олимов дар роҳи бозгашт ба Хуҷанд аз як ҳунарнамоӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров дучори садама шуд. Овозхони равоншод ҳамагӣ 32 сол дошт. Аз ӯ се фарзанд  – ду писар ва як духтар – ятим монд.

Ин бори аввал нест, ки ҳунармандони шинохтаи тоҷик дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева, соли 1991 Наргис Бандишоева  ва соли 2020 Баҳроми Ғафурӣ бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти  Суғд гуфт, садама шаби 5 феврал, соати 1:40 дар роҳи мошингарди шоҳроҳи Сомғор-Хуҷанд, дар гардиши Боғи миллӣ рух додааст.

“Дамирбек Олимов аз уҳдаи идораи мошини тамғаи «Ҳонда», рақами қайди давлатиаш 98 39 РН 01 набаромада, аз роҳ берун мебарояд. Дар натиҷа мошин чаппа шуда, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар дохили мошин, ғайр аз Дамирбек Олимов боз ду нафари дигар, яке Сӯҳроб Бердиев, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Хуҷанд ва Муқимҷон Юсупов, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд. Ин ҳарду ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бистарӣ мебошанд”, – гуфт Акбар Шарифӣ.

Дамирбек Олимов 20 марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштич  дар хонаводаи мутриби шинохта Ботур Олимов ба дунё омада, Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизро дар шаҳри Хуҷанд хатм кардааст. Дамирбек Олимов собиқаи ҳунариашро бо хондани таронаҳои “Шашмақом” сар карда, чандин сол дар ансамбли “Нури Хуҷанд” таҳти раҳбарии Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов ҳунари худро сайқал додааст. Дамирбекро таронаи “Кабӯтар”, ки бо Нигина Амонқулова  дар сабки Мавригӣ иҷро карданд, машҳур кард. Аз ӯ ба ғайр аз “Кабӯтар” чандин таронаи шоҳкори дигар, ба мисли “Дунё” ва “Зиндагӣ боқист, ёрон меравад” ба ёдгор монд. Охирин таронаи ӯ “Бачагиям” ҳамагӣ ду моҳ қабл аз маргаш нашр шуд.

Равонаш шод бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button