ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ҲАЛОКАТИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК ДАМИРБЕК ОЛИМОВ ДАР ЯК САДАМА (ВИДЕО ВА АКСҲО)

Дамирбек Олимов, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик, шаби 5 феврал дар як садама дар гардиши Боғи миллӣ дар мавзеи Сартӯқай дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷон бохт. Дар ин садама ду навозандаи гуруҳи Дамирбек Олимов ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба хабарҳо, мошини Дамирбек Олимов дар роҳи бозгашт ба Хуҷанд аз як ҳунарнамоӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров дучори садама шуд. Овозхони равоншод ҳамагӣ 32 сол дошт. Аз ӯ се фарзанд ятим монд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти  Суғд гуфт, садама шаби 5 феврал, соати 1:40 дар роҳи мошингарди шоҳроҳи Сомғор-Хуҷанд, дар гардиши Боғи миллӣ рух додааст.

“Дамирбек Олимов аз уҳдаи идораи мошини тамғаи «Ҳонда», рақами қайди давлатиаш 98 39 РН 01 набаромада, аз роҳ берун мебарояд. Дар натиҷа мошин чаппа шуда, ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар дохили мошин, ғайр аз Дамирбек Олимов боз ду нафари дигар, яке Сӯҳроб Бердиев, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Хуҷанд ва Муқимҷон Юсупов, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будаанд. Ин ҳарду ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бистарӣ мебошанд”, – нақли қавл кардааст аз Акбар Шарифӣ нашрияи маҳаллии Пресса.Тҷ.

Парвизбек Муродов, мудири ширкати продюсерии “ҶМ”, ки Дамирбек Олимовро низ продюсерӣ мекард, ба Радиои Озодӣ  гуфт, ҷасади овозхони ҷавонмаргро аз сардхона ба зодгоҳаш, ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) бурдаанд. Пресса.Тҷ хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи овозхон соати 16 дар зодгоҳаш, ноҳияи Деваштич баргузор мешавад.

Парвиз ТВ дар каналаш дар Телеграм аксҳои мудҳишеро аз маҳалли ҳодиса нашр кард. Ин канал акси баъд аз марги Дамирбек Олимовро низ нашр кардааст, вале ба далелҳои ахлоқӣ мо аз бознашри он худдорӣ мекунем.

Дамирбек Олимов 20 марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштич дар хонаводаи мутриби шинохта Ботур Олимов ба дунё омада, Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизро дар шаҳри Хуҷанд хатм кардааст. Дамирбек Олимов собиқаи ҳунариашро бо хондани таронаҳои “Шашмақом” сар карда, чандин сол дар ансамбли “Нури Хуҷанд” таҳти раҳбарии Ҳунарманди мардумии СССР Ҷӯрабек Муродов ҳунари худро сайқал додааст. Дамирбекро таронаи “Кабӯтар”, ки бо Нигина Амонқулова  дар сабки Мавригӣ иҷро карданд, машҳур кард. Аз ӯ ба ғайр аз “Кабӯтар” чандин таронаи шоҳкори дигар, ба мисли “Дунё” ва “Зиндагӣ боқист, ёрон меравад” ба ёдгор монд. Охирин таронаи ӯ “Бачагиям” ҳамагӣ ду моҳ қабл аз маргаш нашр шуд.

Равонаш шод бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button