ВидеоТаърихФарҳангЧеҳраҳо

АЗ МУҚАДДАСУ НАРГИС ТО БАҲРОМУ ДАМИРБЕК: 4 ОВОЗХОНИ ШИНОХТАИ ТОҶИК, КИ ДАР САДАМАҲО ҶАВОНМАРГ ШУДАНД (ВИДЕО)

Шаби 5 феврал дар роҳи бозгашт аз як ҳунарнамоӣ дар як тӯй дар ноҳияи Б.Ғафуров Дамирбек Олимов, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик, дар як садама дар мавзеи Сартӯқай дар канори шаҳри Хуҷанд ҷон бохт. Дамирбек ҳамагӣ 32 сол дошт. Аз ӯ се фарзанд: ду писар ва як духтар ятим монд.

 Дар ин садама ду навозандаи гуруҳи Дамирбек Олимов ҷароҳат бардоштанд ва ҳоло табибон барои наҷоти онҳо талош доранд. Аммо овозхони ҷавонмаргро алакай дар зодгоҳаш, ноҳияи Деваштич ба хок супурданд.

Ин бори аввал нест, ки ҳунармандони шинохтаи тоҷик дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева, соли 1991 Наргис Бандишоева  ва соли 2020 Баҳроми Ғафурӣ бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд.

БАҲРОМИ ҒАФУРӢ

Субҳи 7 августи соли 2020, соати 04:00, бар асари дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе дар наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба КАМАЗ бархӯрдани як мошини ҷипи “Ланд Крузер-200”  Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик,  дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи ҷип муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Ислом Анварзода ва мусофири дигари мошин – Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт.

Бо гузашти якуним сол аз марги фоҷиавии овозхони маҳбуб то кунун касе барои он садамаи марговар ба ҷавобгарӣ кашонда нашудааст. Парвандаи ҷиноӣ ба зидди гумонбари асосӣ: ронандаи ҷип Ислом Анварзодаро “бинобар дар ҳолати бемори вазнин қарор доштанаш” боздоштаанд. Ислом Анварзода, писари Анвар Қурбонов, маъруф ба “Анвари Текстил”, мудири кулли корхонаи нассоҷии Душанбе буд.

Мақомот Анварзодаро ба он айбдор карданд, ки дар ҳолати мастӣ сари фармони мошин нишастааст ва мошинашро ба болои ин бо суръати хеле баланд ронда, сабабгори садамаи марговар шудааст. Ӯро билофосила аз мансаб барканор карданд ва баъди чанде хабар омад, ки гӯё табибон як дасти Анварзодаро буридаанд. Чанде баъди дигар хабар расид, ки Ислом Анварзодаро барои идомаи табобат ба хориҷи кишвар фиристодаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 хабар дод, ки 10 августи соли 2020 бар асоси қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Анварзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд, вале “ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода Ислом, дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст”.

Ба бовари бисёриҳо, Ислом Анварзодаро хешовандони бонуфузаш бо мақсади халос кардан аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз Тоҷикистон гурезондаанд.

МУҚАДДАС НАБИЕВА

Муқаддас Набиева, яке аз тобноктарин ситораҳои эстрадаи тоҷики асри 20 моҳи сентбяри соли 1979, вақте ҳамагӣ 29 сол ва дар авҷи шӯҳрат қарор дошт, дар як садамаи то ҳол пурасрор ба ҳалокат расид.Мошине, ки дар он Муқаддас Набиева, овозхони шуҳратёри ансамбли “Гулшан” аз як ҳунарнамоӣ дар тӯй ба Душанбе бармегашт, дар минтақаи Такфони ноҳияи Айнӣ бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид. Муқаддас он вақт ҳамагӣ 29 сол дошт, вале бо вуҷуди ин синни ҷавон алакай пой ба баландтарин зинаҳои эътироф ва шуҳрат гузошта буд ва аз матраҳтарин ҳунармандони замони худ ба шумор мерафт. Бо гузашти 40 сол марги Муқаддас Набиева ҳамчунон пур аз роз боқӣ мемонад. Марги ситораи асиле дар авҷи дурахш, шуҳрат ва такомул. Рафтани Муқаддас Набиев зарбаи сангине ба эстрадаи тоҷик шуд. Ҷои ӯ дар саҳнаи эстрада холӣ монд ва Муқаддасе мисли ӯ дигар пайдо нашуд…

НАРГИС БАНДИШОЕВА

Ғолиби озмуни муътабари “Садои Осиё” Наргис Бандишоева аз ситораҳои тозазуҳуркарда дар осмони эстрадаи тоҷики аввали солҳои 90   буд. Ӯ 21 сентябри соли 1991, ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз ҷашни 25-солагиаш дар як садама низ дар дараи Варзоб ба ҳалокат расид. Аз Наргис, ки собиқаи хеле кӯтоҳе дар саҳна дошт, ҳамагӣ чанд тарона ба ёдгор монд, вале ҳама таронаҳои шоҳкор ва баёнгари он ки ҳунари тоҷик дар он тирамоҳи соли 1991 чӣ истеъдоди нодиреро аз даст дод…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button