ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президент

САРДОРИ ГУЗАРГОҲИ ФОТЕҲОБОДРО БО МУОВИНОНАШ АЗ КОР ПЕШ КАРДААНД (ВИДЕО)

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, сардори гузаргоҳи марзии Фотеҳобод (Ойбек) дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон Олим Сатторовро ҳамроҳи  ҳарду муовинаш аз мақом барканор кардаанд.

Ин тағйироти кадрӣ дар пайи шикоятҳои фаровони сокинон аз “доля” талаб кардани марзбонҳои тоҷик дар чанд гузаргоҳи марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон сурат гирифт. Мардум мегуфт, ки марзбонҳои тоҷик аз ҳар касе, ки мехост тавассути Ӯзбекистон бо нархи арзонтар ба Русия сафар кунад, аввалҳо аз 1000 то 1500 сомонӣ ва вақтҳои охир аз 400 то 500 сомонӣ “доля” талаб мекарданд ва агар касе аз додани ин “доля” саркашӣ мекард, аз марг гузашта наметавонист. Сокинон ин пулканиро бо киноя “андози хуруҷ аз биҳишт” ном карда буданд.

Ҳафтаи гузашта даҳҳо нафар аз мардуми норозӣ ҳатто дар назди бинои шаҳрдории Панҷакент алайҳи ин пулканиҳо дар гузаргоҳи Саразм эътироз ҳам карда буданд.

Аввалин шуда, мавзӯи аз мардуми сафаракии Русия дар марз бо Ӯзбекистон “доля” талаб кардани марзбонҳои тоҷикро пойгоҳи хабарии “Бомдод” бардошта буд.

Ва билохира, бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ҳафтаи гузашта  подполковник Боймурод Абдулҳамидов ба ҷойи Олим Сатторов сардори гузаргоҳи марзии “Фотеҳобод” таъин шудааст. Абдулҳамидов то кунун раҳбарии гузаргоҳи “Гулистон” дар марзи Исфара бо Қирғизистонро ба уҳда дошт.  “Тағйироти кадрӣ ҳафтаи гузашта анҷом шуд. Ҳоло раҳбари нав бо ду ноиби худ ба кор шуруъ кардааст”, — гуфтааст манбаъ.

Мақомот  тағйироти кадрӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод”ро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Дар бораи кадом тасмимгирие дар мавриди роҳбарони гузаргоҳи Саразм дар марзи Панҷакент бо вилояти Самарқанд, ки низ бераҳмона аз сафаракиҳои Русия то ҳол “доля” талаб доранд, ҳанӯз иттилое ба даст нарасидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button