Коррупсия

МУОВИНИ ДЕКАН ПОРА ГИРИФТ, ВАЛЕ БА МОДДАИ ҶАЗОЯШ САБУКТАРИ ҚАЛЛОБӢ АЙБДОР ШУД

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 9 август хабар дод, ки  муфаттишони ин агенти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии Комрон Қурбонов, ҳамакнун собиқ муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанберо анҷом додаанд ва ин парванда дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд. Комрон Қурбонов бар асоси қисми дуюми моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон  ба қаллобие, ки бо истифода аз мансаб содир шуда, боиси расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд шудааст, айбдор мешавад.

Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Қурбонов Комрон Эраҷович дар вазифаи муовини декани факултети технологияи иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва бо истифодаи мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои интиқол додан аз Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе маблағи 4000 сомонӣ талаб намудааст.Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қурбонов К.Э. баъди бевосита аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 4000 сомонӣ дар ҷои ҳодиса, боздошт карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”

Ба Комрон Қурбонов бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 ншондиҳанда = 60 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5  сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Ва аммо дар ҳоле ки дар ин қазия ҳама аломатҳои аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора дида мешавад, муфаттишони Агентӣ ба кадом сабаби танҳо ба худи онҳо маълум ин парвандаро бар асоси моддаи ҷазояш сабуктари 247 (қаллобӣ) ҷамъбаст кардаанд,  на бо моддаи 319 (гирифтани пора).

Вақтҳои охир дар Тоҷикистон мавридҳои ҳамчун “қаллобӣ” ҷамъбаст кардани парвандаҳои мансабдороне, ки ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд, зиёд шудааст. Дар  натиҷа, аксари ин мансабдорон маъмулан бо ягон ҷарима халос мехӯранд.

Мақомот  барои аз моддаи 319 (порахӯрӣ) ба моддаи ҷазояш хеле сабуктари 247 (қаллобӣ) иваз кардани айбномаи мансабдорони бадастафтода ин баҳонаро “ҳилаи шаръӣ” сохтаанд, ки гӯё мансабдори порахӯр иҷрои кореро, ки ба салоҳияти ӯ намедарояд, ваъда додааст ва ин на порахӯрӣ, балки қаллобӣ таъбир мешавад.

Вале коршиносон бар инанд, ки бо чунин шеваи бархӯрди “раҳмдилона”-и мансабдорони порахӯр Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ наметавонад бар коррупсия, ки дар ин кишвар ба як марази фарогир табдил ёфтааст, ғолиб биояд.

 Тоҷикистон ҳоло дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button