Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ЯК РӮЗИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН 68 ҲОЛАТИ НАВИ СИРОЯТ БА КОРОНАВИРУС САБТ ШУДААСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 8 август хабар дод, ки давоми шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 68 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, дар ин муддат 74 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Бино ба омори расмии вазорат, дар як шабонарӯзи охир дар кишвар ягон ҳолати нави фавти шаҳрвандон аз коронавирус сабт нашудааст. Вазорат аз аввали моҳи август ҳамагӣ як мавриди фавти шаҳрвандон аз ин вирусро расман тасдиқ кардаасту халос.

Ин дар ҳолест, ки танҳо давоми рӯзи 8 август аз гӯшаҳои гуногуни кишвар дар бораи фавти дастикам 3 нафар ба иллати пандемия хабарҳо ба даст расиданд.

Аз ҷумла Мубина  Неъматова, устоди кафедраи технологияхои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар синни ҳамагӣ 30 фавтид. Чанд нафар навиштанд, ки Мубина Неъматова қурбони коронавирус шудааст.

Ҳамчунин Ниҳолбӣ Маҳмадова, модари Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), рӯзи 8 август дар синни 70 дар манзилаш дар деҳаи Кӯли ҷамоати Даҳана дар канори шаҳри Кӯлоб аз олам чашм пӯшид. Бобоҷон Қаюмзод, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, модараш як ҳафтаи охир аз бемории коронавирус ранҷ мекашид ва дар хона табобат мегирифт.

Шаби 8 август, соати 21:30 дар ҷамоати Сурхи Исфара Абдусайфулло Хайруллоев,духтури бемориҳои сироятиро ба хок супурданд. Доктор Хайруллоев 83 сол дошт ва, ба гуфтаи сокинони ҷамоати Сурх,чанд рӯзи охир бо коронавирус дастбагиребон шуда буд.

 Бино ба иттилои вазорати тандурустӣ, аз шурӯи пандемия то шоми 8 август дар Тоҷикистон 15 651 нафар ба коронавируси нави COVID-19 сироят ёфта, , аз ин шумор то санаи зикргардида 15 193 нафар (97,1%) шифо ёфтаанд, вале 122 нафар фавтидаанд.

То шоми 8 август дар Тоҷикистон, бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, дар беморхонаҳо ваё дар шароити хона дар умум 336 нафар аз коронавирус табобат мегиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button