ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистФарҳанг

ВИРУСИ НОАЁН РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИИ КӮЛОБРО АЗ БАЙНИ МО БУРД…

Акбар Ниёзӣ Меҳрдил, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб рӯзи 3 август аз олам чашм пӯшид.

Нашрияи “Пайк” бо нашри хабари марги Акбар Ниёзӣ навишт, “дареғо, ки Акбар Ниёзӣ даргузашт”.

Меҳринисо Умарова аз Акбар Ниёзӣ ба унвони “шахсе бо дили бузург ва меҳри беандоза ба шогирдонаш” ёд карда, изҳори таассуф кардааст, ки ӯ бо дунёи равшан падруд гуфт.

Бисёриҳо аз Акбар Ниёзӣ ба ҳайси як фарди сарсупурдаи соҳаи маориф ва  омӯзгори равшанфикр тавсиф кардаанд.

Дар бораи иллати марги Акбар Ниёзӣ Меҳрдил расман иттилое нашр нашудааст. Вале Людмила Воронова бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони ӯ навиштааст, “вируси ноаён як инсони наҷиб, зиёӣ ва ҳирфаиро аз байни мо рабуд. Ин боварнокарданист, беадолатист. Ёдаш гиромӣ бод!”

Саъдии Маҳдӣ ҳам дар зери хабари марги Акбар Ниёзӣ навиштааст:” Эээ воеее Худо биёмурзад устодро! Моро дарси забони русӣ гузашта буд! Услуби махсус сару либоси олуфта, мӯйи сари қафо шонакарда ва бисёр донишманд буд устод Ниёзов Акбар!”

Хабари марги  Акбар Ниёзӣ аз “вируси ноаён” дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 30 июл ба ин тараф, инак 4 рӯз боз исрор меварзад, ки дар кишвар ягон ҳолати нави марги сокинон аз пандемия сабт нашудааст.

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб, ки Акбар Ниёзӣ ректораш буд, соли 2003 ҳамчун филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта, 13  марти соли 2015 ба Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб табдил дода шуд. Дар 5 факултаи ин донишкада аз рӯи 34 ихтисоси зинаи бакалавриат ва аз рӯи 10 ихтисоси зинаи магистратура беш аз 1100 донишҷӯ таҳсил мекунанд.

Payk Tj

Дареғо, ки Акбар Ниёзӣ даргузашт

Аҳли эҷоди ҳафтавори «Пайк» аз марги нобаҳангоми ректори Донишкадаи Технологӣ ва менеҷменти Инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоб

АКБАР НИЁЗИ

сахт андўҳгин буда, аз Худованди муттаъол барояш ҷаннатулмаъворо таманно дорад. Худованд дар дили пайвандонаш сабри ҷамил ато фармояд, гўрашро равшан гардонаду хонаи охираташро обод.

Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун.

Мехринисо Умарова

Шахсе бо дили бузург ва меҳри беандоза ба шогирдонаш бо дунёи равшан падруд гуфт. Рӯҳатон ҳамеша шоду хонаи охирататон обод бошад устоду азизу падари меҳрубон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button