ВидеоМуҳоҷирон

ДАР ЯК РӮЗ АЗ РУСИЯ БА ДУШАНБЕ 19 ТОБУТ ОВАРДААНД (2 АКС)

Як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, субҳи 4 июл, аз соати 4 то 8  аз се ҳавопаймое, ки аз Русия дар фурудгоҳи Душанбе пойин шуданд, 19 тобут фароварданд.

“Ин тобутҳои муҳоҷирони тоҷики зодаи Хоруғ, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, Панҷакент, Спитамен, Конибодом ва дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон буд. Албатта, тақрибан ягон парвозе аз Русия нест, ки дар он ягон тобути муҳоҷирони тоҷик набошад. Вале 19 тобут дар се парвози субҳи 4 июл шумораи бесобиқа буд”, – гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”.

То давраи пандемия солона аз Русия Тоҷикистон беш аз 1000  тобут меомад. Ин танҳо ҷанозаҳои он муҳоҷиронест, ки наздиконашон дар мулки ғурбат ба хок супурдани онҳоро намехостанд ва ба ҳар қимат талош мекарданд, ки азизони дар ғарибӣ ҷонбохтаи худро ба Ватан биоранд ва дар зодгоҳашон гӯручӯб кунанд.

Дар солҳои охир садҳо муҳоҷири тоҷики дар Русия фавтидаро дар ҳамон кишвар ба хок супурдаанд. Дар бисёре аз қабристонҳои мусалмонии Русия ҳатто гӯшаҳое пайдо шудаанд, ки дар онҷо танҳо муҳоҷирони тоҷик дафн шудаанд.

Муҳоҷират як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори оилаҳояшон ба хориҷ ва асосан ба Русия мераванд. Ҳар рӯз дар Русия ба ҳисоби миёна то 3 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Фалокатҳо дар ҷои кор, садамаҳо, бемориҳои гуногун аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад. Вале даҳҳо нафари онҳо бо марги маҷбурӣ, аз ҷумла  дар натиҷаи куштор, ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Аксари муҳоҷирони тоҷике, ки дар ғарибӣ мемиранд, дар айни ҷавонӣ ҷавонмарг мешаванд.

ДАР АКСҲО: ТОБУТҲОЕ, КИ СУБҲИ 4 ИЮЛ АЗ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ БА БАДАХШОН БУРДАНД

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button