Хабарҳои кӯтоҳ

Боздошти 3 ноболиғ барои тороҷи 7 дорухона дар Хуҷанд (АКС)

Се навраси қаблан судшуда аз маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд – яке 15-сола ва дуи дигар – 17-сола – бо гумони шикастани қулфи дару тиреза ва тороҷи дастикам 7 дорухона дастгир шудаанд. Ҳарсеи онҳо қаблан низ бо ҷурми дуздӣ маҳкум шуда буданд, аз ҷумла навраси 15-сола алакай ду маротиба пушти панҷара рафта будааст. Ахиран дар Хуҷанду атрофи он дастикам 11 дорухонаро дузд зад. Мақомот дуздии 7 дорухона – 4 дорухона дар кӯчаи К.Хуҷандӣ, яктогӣ дар суроғаҳои кӯчаи Гагарин, маҳаллаҳои 32 ва 33 шаҳри Хуҷандро  кори дасти ҳамин се наврас мешуморанд. Ғанимати онҳо аз 400 то 1700 сомониро ташкил додааст.

Дар Хуҷанд се нафар ноболиғи пешсудшуда 7 дорухонаро тороҷ карданд

Дуздӣ аз дорухонаҳо бо усули шикастани қулфи дари даромад ё тиреза ҳолати ҷиноятиест, ки Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд ба се нафар ноболиғ, яке 15-сола ва дуи дигар 17-сола истиқоматкунандагони маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд нисбат медиҳад.
Наврасони каҷрафтор пештар аз ду то чор маротиба барои дуздӣ суд шуда бошанд ҳам, боз аз одати бад дил канда натавониста ин навбат ба дуздии маблағи пулӣ аз дорухонаҳо иқдом кардаанд.
Гумонбаршудаҳо нишондод медиҳанд, ки дуздиҳоро бо маслиҳати пешакӣ шабона содир намудаанд. Ҳар кадоме нақшу мақоми худро иҷро намуда манфиати пулӣ ба даст меорад. Асосан хазина ва ҷойҳои пулнигоҳдории дорухона таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб ва пули нақд тасарруф шудааст.
Наврасони дар дуздиҳо гумонбар ҳамчун душвортарбия дар қайди милитсия меистанд. Ду навраси 17-сола 4 маротиба барои дуздӣ суд шуда бошанд, шарики 15-солаи онҳо ду маротиба бо ҷурми дуздӣ доғи судӣ гирифтааст.
Дуздиҳо аввалҳои моҳи декабр содир шудаанд. Тафтишоти пешакӣ 7 ҳолати дуздии маблағи пулӣ аз хазинаи дорухонаҳои ҳудуди шаҳри Хучанд ва 4 ҳамингуна ҳолат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба онҳо нисбат медиҳад.
Хазинаи 4 дорухона дар кӯчаи К.Хуҷандӣ, яктогӣ дар суроғаҳои кӯчаи Гагарин, маҳаллаҳои 32 ва 33 шаҳри Хуҷанд ба яғмо бурда шудааст. Камтарин зарар 400 сомонӣ ва аз ҳама бештар 1 700 сомонӣ гуфта мешавад.
Шумораи дорухонаҳои зарардида, ки айни ҳол 11 адад мебошад, ниҳоӣ нест. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дуздиҳои бо ҳамин шева содиршуда ва изи содиршавиашон ба услуби иттифоқи сегона ҳаммонандро бо методҳои оперативию криминалистӣ мавриди тафтиш ва коркардҳои иловагии оперативӣ қарор додааст.

Акбар Шарифӣ, майори милится

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button