Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

СЕЛУ ОБХЕЗӢ ДАР ВОДИИ РАШТУ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ДАРВОЗ ВА НАҶОТИ ДУ САЙЁҲИ РУС ДАР САНГВОР

Маркази матбуоти КҲФ ҶТ


24 майи соли ҷорӣ боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел дар километри 140-уми роҳи мошингарди Ваҳдат – Рашт-Лахш шуд. Барои бартараф кардани паёмадҳои он 9 адад воситаҳои техникии хадамоти роҳи ноҳияҳои Рашт ва Нуробод истифода шуданд.

Дар километрҳо 42 ва 48 роҳи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Рашт низ омадани сел сабт шуд. Бо ёрии 3 техника ҳолати баамаломада бартараф ва роҳ барои ҳаракати мошинҳо боз гардид.

Дар километрҳои 92, 94, 101, 104, 106, 107, 109, ки аз тариқи Нуробод мегузарад, омадани сел ва ярч ба қайд гирифта шуд. Бо ҷалби се адад техника ин роҳ аз селовардаҳо ва лою санг пок ва барои ҳаракати мошинҳо мувофиқ гардонда шуд.

Дар ҳудуди деҳаи Пингон ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода ва деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт бо истифода аз 2 техника 200 метр селроҳа тоза карда шуд. 

Сангвор

24 майи соли 2024  бар асари боронҳои зиёд дар километри 2-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар-Сангвор-Дарвоз сел омад.  Ин замон ду сайёҳи хориҷӣ, аз ҷумлаи шаҳрвандони Русия, яке марду дигаре зан ба самти ноҳияи Сангвор дар ҳоли ҳаракат буданд. Онҳо дар иҳотаи сел монданд ва на роҳи пеш рафтан доштанду на пас. Кормандони хадамоти роҳи ноҳияи Сангвор онҳоро наҷот доданд.

24 майи соли 2024 дар километрҳои 5, 6, 8, 14, 21, 39, 43 ва 52 роҳи Лаби Ҷар-Сангвор-Дарвоз сел ва резиши сангу рег аз кӯҳҳо ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа ин роҳ баста шуд ва корҳои поккорӣ идома доранд.

Вилояти Хатлон

Рӯзи 24 майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти шадид сатҳи оби рӯдхонаи Ёхсу, ки аз ҳудуди деҳаҳои Дашти Рубот ва Дараи Свон дар ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон мегузарад, боло рафт. Дар натиҷа оби раҳошуда пули роҳи ин рустоҳоро комилан шуста, ҳаракати нақлиётро номумкин кард. Инчунин, мошинҳои боркаши «Камаз» ва «УАЗ» дар зери сел монданд, хушбахтона, дар дохили онҳо касе набуд. Сокинони деҳаи Дараи Сон ва 4 хонаводаи деҳаи Сари Пул ба ҷои амн кӯчонида шуданд.

Сокинони деҳаи Ниҳолпарвари ҷамоати деҳоти Шугнов ва аҳолии воқеъ дар наздикии рӯдхонаи Ёхсу ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд. Бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

25-уми майи соли 2024 дар ҳудуди деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳияи Қубодиён дар натиҷаи омадани сел об аз соҳилҳои канали байнишаҳрӣ баромада, 4 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинонро зери об кард. Ин замон корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. .

ВМКБ. Шаҳри Хоруғ

Бино ба хабари Хадамоти геофизикии АМИТ рӯзи 24 майи, соати 11:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази он 277 километр ҷанубу шарқи шаҳри душанбе, 48 км ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистон буд.

Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 3 балл, дар шаҳри Хоруғ 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест. 

Ноҳияи Дарвоз

24 майи соли 2024 дар деҳаи Ёгеди ҷамоати деҳоти Нулванд дар натиҷаи боришоти зиёд сатҳи оби дарёи маҳаллӣ боло рафта, маҷрои онро тағйир дод. Дар натиҷа оби раҳошуда 10 қитъаи наздиҳавлигӣ зери об монда, пули деҳаро хароб кардааст. Холо ахолии деҳаа ба ҷои бехавф кӯчонда шуда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст. 

24 майи соли 2024, тахминан соати 23:30 дар натиҷаи борони шадид дар километри 240-уми шоҳроҳи Сағирдашт-Душанбе сел ба амал омад. Бар асари он роҳи Сариғдашт- Қалъаи Ҳусейн-Душанбе муваққатан баста шуд. Худи ҳамон рӯз соати 23:55 дар ин мавзеъ резиши санг ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа хати интиқоли қувваи барқ хароб шуд. Корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button