ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ҶАБРИ УСТОД БЕҲ АЗ МЕҲРИ ПАДАР? БА ҶОИ МУАЛЛИМ … ШОГИРДОНАШРО ҶАЗО ДОДАНД (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе алакай шоми 25 майи соли 2024, ҳамагӣ баъди чанд соати нашри видеои як шогирдашро дар мактаб сарзаниш каодани муаллими солхӯрда аз анҷоми таҳқиқи ин видео хабар дод, вале гуфт, на муаллимро, балки баракс … муаллифони ин видеоро ҷазо додаанд. 4 хонандаи мактабро аз ҷумла дар он гунаҳкор донистаанд, ки ба тайёрӣ ба дарс омада, ба ҷараёни дарс хала расондаанд ва ҳамчунин бар хилофи талаботи қонун, бо худ ба дарс телефони мобил овардаанд ва лаҳзаи сарзаниши ҳамсабақашон аз ҷониби муаллимро сабт ва дар Интернет паҳн кардаанд.

Милитсияи пойтахт гузоришаш дар бораи натиҷаҳои тақиқи ин видеоро “Ҷабри Устод беҳ зи меҳри падар…” ном гузошта, навишт, “ба ҷо овардани эҳтироми устод ва қадршиносии талошу заҳматҳои ӯ қарзи шогирдии ҳар як нафар ба шумор меравад. Зеро маҳз талошу заҳматҳои омӯзгорон ва таълиму раҳнамоиҳои онҳост, ки ҳар яки мо донишҳои гуногунро аз бар намуда, баҳри рушду тараққиёти ҷомеа саҳм мегузорем. Мутаассифона, дар баъзе ҳолат нафароне ҳастанд, ки ба қадру қиммати заҳматҳои омӯзгор нарасадида, боиси ранҷу озори ӯ мегарданд”.

Аз ҷумла, менависад маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон, санаи 25-уми майи соли ҷорӣ, дар як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз ҷониби устод сарзаниш кардани як хонанда инъикос ёфтааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 24-уми майи соли ҷорӣ, дар мактаби миёнаи №66-и ноҳияи Сино рух додааст.

Бино ба фарзияи милитсия, “омӯзгори фанни математика – Ғоибов Ҳотам Сатторович, санаи таваллудаш 06.08.1959, ки муддати тӯлонист ба таълими насли наврас машғул аст, ба амалу рафтори ноҷои хонанда ва надоштани лавозимоти хониш эрод гирифта, бо мақсади ислоҳ ӯро сарзаниш кардааст. Аммо, ин ҳолат, ки танҳо ғамхории падаронаи ӯстод нисбати хонанда аст, аз ҷониби хонандаи дигар, ки аз бемасъулиятии волидайни худ истифода бурда, ба мактаб телефони мобилӣ овардааст, бо мақсади паст задани шаъну шарафи устод наворбардорӣ намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудааст. Ҳамзамон, аз ҷониби дигар хонандагон низ раванди дарс халалдор гаштааст.

Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ холисона санҷиш карда шуда, баҳои қонунӣ дода шуда, н нисбат ба волидайни 4 хонанда барои зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, ки бе ашёи хониш ва телефони мобилӣ ба мактаб ҳозир гашта, ба раванди дарс халал расонидаанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ба онҳо ҷарима ба маблағи аз 210 то 360 сомонӣ таҳдид мекунад.

“Ҳамзамон нисбати муаллим низ ҷиҳати минбаъд муносибати бодиққатона бо хонандагон ва риояи низоми таҳсилот, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе.

Худи ин муаллим ва он 4 хонанда ё волидайни онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

    1. Ачаб кори хубе кардааст макомот дар ин холат..
      Шоистаи тахсин аст, ахсант мегуям.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button