“БЕ ДОДАНИ ХОНАИ ДИГАР” ВА “ҲАМЧУН МОЛИКИЯТИ БЕСОҲИБ”: ДАР ЗАФАРОБОД ҲАВЛИИ ДОДАРИ СУХАНГӮИ ОППОЗИТСИЯРО “ДАВЛАТӢ” КАРДАНД

Салим Султонзода (Исобоев), сухангӯи Паймони миллии Тоҷикистон, як эътилофи дар худи ҷумҳурӣ феълан мамнӯи нирӯҳои мухолифини тоҷик, мегӯяд, мақомоти ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд қитъаи заминеро, ки додари ӯ Ҳалим Исобоев ҳанӯз соли 2008 дар он хона сохта буд, “давлатӣ” кардаанд ва ҳоло тавассути додгоҳ талаб доранд, то додари ӯ ҳамроҳи зану ду фарзандаш он хонаро холӣ кунад. Дар аризаи даъвогие, ки аз номи мақомоти иҷроияи ноҳияи Зафаробод ва бо имзои раиси ноҳияи Зуфар Исмоилзода ба унвони раиси додгоҳи Зафарабод навишта шудааст, таъкид шудааст, ки аҳли оилаи Ҳалим Исобоев бояд аз он хонаи даъвогӣ “бе додани дигар манзили истиқоматӣ кӯчонда шаванд”.
Салим Султонзода рӯзи 23 майи соли 2024 дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” қарори “давлатӣ” кардани хонаи бародари хурдиашро “сиёсӣ” ва “интиқоми мақомот” барои фаъолиятҳои сиёсии оппозитсиониаш номид.
Дар номаи раиси ноҳияи Зафаробод ба додгоҳ гуфта мешавад, ки дар ҳақиқат бо қарори раиси ҷамоати шаҳраки Зафаробод аз 6 июни соли 2008 таҳти №58 қитъаи замини манзили истиқоматии воқеъ дар деҳаи Логин ба номаи шаҳрванд Исобоев Салим дода шуда буд, вале дар асоси эътирози додситони ноҳия “бино бар ғайриқонунӣ буданаш”, боз ҳам бо қарори дигари раиси ҷамоати шаҳраки Зафаробод аз 4 майи соли 2024 таҳти №06 он қарори қаблӣ бекор карда шуд.
Раиси ноҳия дар номааш навиштааст, ки дар он қитъаи замини ба Салим Исобоев ҷудо шуда гӯё “аз тарафи шахси номаълум манзили истиқоматӣ сохта шудааст” ва аз ин сабаб, дар асоси амри раиси ноҳия аз 15 майи соли 2024, таҳти №28, ин “хонаи берақам” дар деҳаи Логин “ҳамчун моликияти бесоҳиб ва ғайриқонунӣ сохташуда” давлатӣ карда шуд.
Раиси ноҳия менависад, ки феълан дар он хона “ҷавобгарон” Ҳалим Исобоев бо ҳамсараш Саёҳат Саидова ва 2 фарзандашон Фирдавс ва Дурдонахони ноболиғ зиндагӣ доранд, ки ҳарчанд аз тарафи мақомоти ноҳия якчанд маротиба огоҳ карда шуданд, ки он хонаро холӣ кунанд, вале онҳо “саркашӣ карда истодаанд, ки маҷбур шудем ба суд муроҷиат намоем”.
Раиси ноҳия аз додгоҳи Зафаробод хостааст, ки “ҷавобгарон”, яъне Ҳалим Исобоевро бо зану ду фарзандаш “бе додани дигар манзили истиқоматӣ” аз он “хонаи берақам” бикӯчонанд.
Салим Султонзода рӯзи 23 май дар суҳбат бо “Бомдод” гуфт, ки дар ҳақиқат он қитъаи заминро ба ӯ дода буданд, вале азбаски ӯ ҳамроҳи модараш мезист, он қитъаи заминро ба додараш дод ва бо пуле, ки додараш Ҳалим аз муҳоҷирати корӣ мефиристод, дар онҷо барояш хона сохтанд.
“Он хонаро на ягон “шахси номаълум”, балки бо пули ҳалоли бо азоб дар Русия коркардаи додарам сохта будем. Азбаски дар расму русуми мардуми тоҷик байни бародарон қонунбозӣ нест, мо фикр накардем, ки заминро расман ба номаш кунем. Баъде ки ман аз Тоҷикистон рафтам, додарам хоста буд, ки он замину хонаро ба номи худаш гардонад, вале мақомот гуфтаанд, ки барои иваз кардани соҳибмулк бояд бародаратон худаш биояд”, – нақл кард сухангӯи Паймони миллӣ.
Ба зидди Салим Султонзода барои фаъолиятҳои оппозитсиониаш дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва табиист, ки ӯ ба Зафаробод рафта, заминро ба номи дигараш карда наметавонист.
Ӯ мегӯяд, ки он замину хона ҳаққи ҳалоли додараш ва аҳли оилаи ӯст, вале ба ин баҳона, ки гӯё дар он замин кадом “шахси номаълум” худсарона хона сохта бошад, онро “давлатӣ” карданд. Салим Султонзода гуфт, ин дар ҳолест, ки додараш Ҳалим Исобоев 16 сол бидуни ягон мушкил дар ҳамон хона зиндагӣ карда буд. Бар илова, афзуд сухангӯи Паймони миллӣ, дар он маҳаллае, ки ба ӯ замин дода буданд, дар 3 марҳала дар маҷмӯъ ягон 100 нафар замин гирифта буд, вале “аз байни он ҳама гӯё фақат замини ба ман додаашон “ғайриқонунӣ” баромад, ки ин ҳам ба далелҳои сиёсӣ доштани ин қарори мақомоти Зафаробод таъкид мекунад”.
Салим Султонзода, ки аз соли 2016 дар Аврупо ба сар мебарад, моҳи март низ аз он шикоят карда буд, ки 2 бародараш: Ҳалимҷон Исобоев, сокини деҳаи Логини ноҳияи Зафаробод ва Алишер Исобоев, сокини маркази ин ноҳияро рӯзҳои 17 ва 18 март ба шуъбаи амнияти миллии ин ноҳия даъват карда, таҳдид кардаанд, ки агар бародарашон дар Аврупо дар тазоҳуроти зидди сафари навбатии президенти Тоҷикикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо иштирок кунад, сими барқи хонаҳои ҳардуи онҳоро хоҳанд бурид.
Ҳомиёни ҳуқуқ пайваста ҳукумати Тоҷикистонро барои фишору таъқиби хешовандони мухолифини сиёсиаш ба боди интиқод мекашанд ва талаб мекунанд, ки аз чунин шеваи бархӯрд даст бардорад. Дар Душанбе ба ин даъватҳо маъмулан ягон посухи ҳа ё не намедиҳанд.




Дар Тоҷикистон худи шаҳрвандон “давлатӣ” шудаанд (даҳ миллион “давлатӣ”), бо гузашти 33-соли истиқлол ва озодӣ, тарсу ваҳм побарҷост, ақлҳо баста, боби тафаккур маҳкам, ҳисси масъулиятшиносӣ нест, ҳеч кас орзӯи президент шуданро надорад, ҳама мехоҳанд ё диктатор бошанд ё пулдору бизнесмен, ки тавонанд қишри заъифи ҷомеаро мутеъи худ кунанду ба тамаъ водор кунанд.
Ҳама халқони ҷаҳон анҷуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам!
Ин шеъри Лоиқро метавон ингуна таъбиру тафсир кард, ки ҳама халқҳои ҷаҳон ба истилоҳ “пеш” рафтаанд, аммо тоҷику тоҷикистонӣ “лангидаанд”. Хулоса, ҷаноби Султонзода вақте сухангӯи оппозитсия шудӣ, аз дору надорат бигузар, “суннат”-и диктатура аз ҳар тараф неш задани оппозитсия мебошад!!!