ҲАЛОКАТИ ПАДАРУ ПИСАР ҲАНГОМИ ТОЗА КАРДАНИ ЧОҲИ КАНАЛИЗАТСИЯ ДАР БОХТАР
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз марги фоҷиавии падару писар ҳангоми тоза кардани чоҳи канализатсия дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар ҷануби ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба ин манбаъ, рӯзи 24 майи соли 2024 ду сокини 55-сола ва 30-солаи шаҳри Бохтар (падару писар) бо мақсади тоза кардани як лӯлаи аз партов пуршудаи канализатсия дар наздикии бозори “Фаровон” вориди чоҳ шудаанд. Гуфта мешавад, ягон нафари онҳо на айнаки муҳофизатӣ пӯшида буданд ва на респиратор.
Аввал падар вориди чоҳ шудааст ва писар дар берун будааст. Вале аз нафас кашидани гази метан, ки дар дохили чоҳ ҷамъ шуда буд, падар аз ҳуш рафта, ба зери чоҳ афтодааст. Писараш ҳавлона худро ба даруни чоҳ андохтааст, то падарашро аз марг наҷот диҳад, вале ӯро ҳам гази метан беҳуш кардааст. Дар натиҷа ҳарду падару писар аз нафас гирифтани гази метан заҳролуд шуда, дар ҳамон дохили чоҳ ба ҳалокат расидаанд.
Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса омада, ҷасадҳоро аз даруни чоҳ берун овардаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикони ҳалокшудагон хотиррасон мекунад, ки ба танҳоӣ анҷом додани корҳое, чун тоза кардани чоҳҳои канализатсия, хатарнок аст, чунки дар сурати нафас кашидани гази метан инсон метавонад аз ҳуш биравад.
Гуфта мешавад, роҳи осонтару зудтар ва амнтари тоза кардани чоҳҳои канализатся истифода аз насосҳо ва тавассути онҳо кашида гирифтани партовҳои ҷамъшуда аст. Баъдан партовҳои ками боқимондаро метавон бо истифода аз ассенизаторҳо поку тоза кард.
Дар маҷмӯъ моҳи майи соли ҷорӣ бо селу боришоташ барои Тоҷикистон дар умум моҳи вазнину пурофат омад. Аз аввали моҳи май дар ин кишвар алакай қариб 40 нафар қурбони ҳодисаҳои нохуш шудаанд. Наздики 30 нафари онҳо бар асари садамаҳои нақлиётӣ ва беш аз 10 нафари дигар бар асари офатҳои табие, чун селу обхезӣ ҷон додаанд ваё дар об ғарқ шуданд. Ҳамчунин дасти кам 3 нафар ҳангоми чукричинӣ аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расиданд. Акнун ба ин рӯйхат падару писар аз Бохтар, ки ҳангоми тоза кардани чоҳи канализатсия ҷон доданд, афзуда мешавад.