РАИСИ ФСБ АЗ БОЗДОШТИ БЕШ АЗ 20 МУТТАҲАМ ДАР ҲАМЛАИ ХУНИНИ “КРОКУС” ХАБАР ДОД

Раҳбари ФСБ Русия Александр Бортников рӯзи 24 майи соли 2024 дар нишасти сарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои СНГ дар Бишкек гуфт, дар робита ба ҳамлаи хунин дар толори консертҳоим “Крокус Сити Ҳолл” алакай беш аз 20 нафар, бо шумули ҳамлагарон ва ҳамдастони онҳо дастгир гардида, ҳамчунин муайян кардаанд, ки ҳамоҳангсозони ин ҳамла аз гуруҳи тундрави “Вилояти Хуросон”-и ДОИШ буда, аз қаламрави Афғонистону Покистон амал мекарданд.
“Дар ҳоли ҳозир, мо тамоми доираҳои дахил дар ин амали мудҳишро муайян карда истодаем. Алакай беш аз 20 нафар, аз ҷумла омилони бевоситаи ҳамла ва шарикони онҳо дастгир шудаанд”, — изҳор дошт Бортников. Ӯ таъкид кард, ки як ҳадафи фармоишгарони ҳамлаи террористӣ латма задан ба равобити кишварҳои СНГ бо кумаки омилҳои диниву миллӣ буд.
Раҳбари ФСБ ҳамчунин хабар дод, ки амалҳои террористҳоро аъзои гуруҳи тундрави “Вилояти Хуросон”, шохаи шарқии созмони террористии ДОИШ ҳамоҳанг мекарданд.
Бортников дар ин робита гуфт: “Муайян карда шуд, ки корҳои тайёрӣ, маблағгузорӣ, ҳамла ва роҳҳои фирори террористҳоро тавассути Интернет аъзои гуруши “Вилояти Хуросон, ки дар минтақаи Афғонистону Покистон қарор доштанд, ҳамоҳанг месохтанд. Ду нафар аз 4 иштирокчии ҳамла қабл аз анҷоми ҳамла аз Туркия ба Русия омада буданд”.
Манзури ӯ ғолибан Фаридуни Шамсиддин ва Саидакрам Раҷабализода, ду тан аз 4 муттаҳами асосӣ буд, ки дар поёни моҳи январи соли 2024 бо ду парвози мухталиф аз Маскав ба Истанбул рафта, дар аввали моҳи март ин дафъа дар як ҳавопаймо ба Маскав баргаштанд. Бовар меравад, ки онҳо ба Туркия ё аз тариқи он кишвар барои тамрин ба ягон урдугоҳи ДОИШ рафта буданд.
Бортников дар суханрониаш бори дигар Украинаро дар ҳамлаи “Крокус” айбдор кард. Ӯ гуфт, ҳарчанд тафтишот ҳанӯз идома дорад, вале метавон бо итминон гуфт, ки мақомоти ҷосусии артиши Украина дар ин ҳамлаи хунин даст доштанд.
Бортников дар ин робита ба ин таъкид кард, ки террористҳо баъди анҷоми ҳамла дастури мушаххас гирифта буданд, ки ба тарафи марзи Украина ҳаракат кунанд, чунки дар онҷо барои убури онҳо “равзана” кушодаанд. Бортников барои исботи “изи Украина” далели дигаре наовард ва танҳо изҳор дошт, ки: “Мехоҳам ҳамаро итминон бидиҳам, ки тамоми ҷузъиёти ин ҷиноят муайян карда шуда, ягон нафари дар он дастдошта аз ҷавобгарӣ фирор карда наметавонад”.
Роҳбарони Русия, аз ҷумла президент Владимир Путин, дар пайи ҳамлаи “Крокус” пайваста дар бораи нақш доштани Украина ҳарф мезананд, вале дар ин бора ягон далел намеоранд. Танҳо далели онҳо пораҳое аз баёноти 4 муттаҳами асосӣ аст, ки маълум нест, дар чӣ шароите сабт шудаанд. Украина даст доштан дар ин ҳамларо қатъиян рад мекунад.
Шоми 22 марти соли 2022 афроди мусаллаҳ қабл аз консерти гуруҳи мусиқии роки “Пикник” вориди толори консертҳои “Крокус Сити Холл” дар Красногорск шуда, издиҳомро тирборон карданд. Ин ҳамла 145 кушта ба ҷо гузошт: Бар асари ин тирборон 40 нафар кушта шуда, 105 нафари дигар дар сӯхторе, ки биноро фаро гирифт, ҷони худро аз даст доданд.
Мустақиман дар робита ба ин ҳамла 12 нафар боздошт шудаанд, ки 11 нафараш зодагони Тоҷикистонанд. Мақомоти Русия мегӯянд, ҳамаи он 4 нафари мусаллаҳе, ки вориди бино шуда, мардумро тирборон карданд, низ аз Тоҷикистонанд. Ин 4 нафарро алакай рӯзи дигари ҳамла, 23 март дар ҳудуди вилояти Брянск, ягон 400 километр дуртар аз толори “Крокус” дастгир карданд.
Таъқибу боздошт ва бозпурсиҳои нахусти онҳо бо шеваи хеле тунду бераҳмона ҷараён гирифт ва таъқибкунандагон бадрафториҳои худро пинҳон ҳам намекарданд: Дар Интернет худи ҳамон рӯз видеои чигуна ҳангоми боздошт буридани гӯши Саидакрам Муродализода ва ба даҳонаш андохтани он, акси ба узви таносулии Фаридуни Шамсиддин пайваст кардани сими барқ нашр шуд. Ҳамин тавр, ҳангоми боздошти як чашми Муҳаммадсобир Файзовро кафонда буданд ва Далерҷон Мирзоевро чунон зада буданд, ки ӯ чанд рӯз пакар буд ва намефаҳмид, ки дар куҷост ва аз вай чӣ мехоҳанд?
Бар иловаи ин 12 нафар, дар поёни моҳи март дар ҷумҳурии Доғистон 3 нафар – ду зодаи Тоҷикистон ва як доғистонӣ, дар аввали моҳи март дар Маскаву Омску Екатеринбург боз 3 нафари дигар ва дар миёнаҳои моҳи апрел як нафари дигар бо номи Ашӯров дар вилояти Твер ба даст афтоданд. Рӯзи 16 май “База” дар бораи ба парвандаи “Крокус” ҳамроҳ кардани парвандаҳои боз 5 зодаи Тоҷикистон, ки низ ба терроризм айбдор мешуданд, хабар дод.
Дар пайи иштироки зодагони Тоҷикистон дар ҳамлаи хунини террористӣ аз номи созмони террористии ДОИШ– Хуросон муносибати мақомоти Русия нисбат ба тоҷикҳо шадидан бад шуд. Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русия бо Қазоқистон ва дар фурудгоҳҳои Русия дармонданд, зеро тафтиши онҳо шадиду тӯлонӣ шуд. Садҳо нафар аз онҳо аз тафтиш гузашта натавониста, ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуданд. Ҳамин тавр, садҳо тоҷики дигарро дар ҷараёни рейдҳои зиёдшуда дар шаҳрҳои гуногуни Русия боздошт ва ихроҷ карданд.
Шадид шудани тафтишҳо дар марзҳои Русия бисёре аз сокинони Тоҷикистонро водор кардааст, ки бо вуҷуди шурӯи мавсими нави муҳоҷирати корӣ сафари худ ба Русияро ба таъхир гузоранд.