Тиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

ХАТАРИ СЕЛУ ОБХЕЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМАШ ТО 27 МАЙ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки рӯзҳои 25-27 майи соли 2024 дар аксари ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сабаби бориши боронҳои пуршиддат хатари омадани сел вуҷуд дорад.

Ҳмчунин рӯзҳои 25-26 майи соли 2024 болоравии сатҳи оби дарёҳои  Заравшон, Обихингоб, Сурхоб, Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд,  (Варзоб, Лучоб, Харангон, Ромит, Элок) эҳтимол дорад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандони  хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо соҳили обҳо моҳидорӣ ё истироҳату оббозӣ нараванд. 

Аз сокинони манотиқи кӯҳиву наздикӯҳи хоҳиш мешавад аз рафтан ба доманакӯҳҳои ба хотири ҷамъоварии гиёҳони дорувор ва ҳезум худдорӣ намоянд. 

Бо мақсади пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаву ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт хоҳиш карда мешавад сокинон аз қабл селроҳаҳо, каналҳо ва ҷӯйҳоро аз ҳар гуна хасу хасрубаву сангу шағал тоза кунанд.

Кумита ҳамчунин хабар дод, ки бо мақсади аз жола эмин доштани заминҳои кишт ва боғҳо тайи рӯзи гузаштаи 24 май хадамоти зидди жолаи ин кумита бо истифода аз 105 мушаки зидди жолаи навъи “Алазан” абрҳои пуржоларо дар қаламрави водии Ҳисор ва ноҳияҳои Ёвону Данғара, Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон аз байн бурдаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button