ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ТАФСИЛОТИ СУҚУТИ ЧАРХБОЛИ РАИСИҶУМҲУРИ ЭРОН АЗ ЗАБОНИ РАИСИ ДАФТАРАШ (ВИДЕО)

Ғуломҳусайни Исмоилӣ, раиси дафтари Сайид Иброҳим Раисӣ рӯзи 21 майи соли 2024 дар мусоҳибаи муфассалаш бо  хабаргузории давлатии ИРНО  бархе тафсилоти ҳодисаи суқути чархболи раисҷумҳури Эронро нақл кард. Бино ба нақли Исмоилӣ, аз 8 нафаре, ки савори он чархболи суқуткарда буданд, танҳо имоми Табрез Оли Ҳошим чанд соати дигар зинда буд ва онҳо хабари суқути чархболро аз ӯ гирифтанд.

Исмоилӣ низ рӯзи 19 май раисиҷумҳурро дар он сафараш ба марзи Эрону Озарбойҷон ҳамроҳӣ мекард, вале дар роҳи бозгашт савори чархболи дигар будааст. Аз се чархболе, ки ҳайъати расмии Эрон баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи сарбанди “Қиз Қалъасӣ” (“Қалъаи духтар”) дар рӯди марзии Аракс ба Табриз бармегаштанд, дуяш беосеб ба нуқтаи мақсуд расид, вале чархболе, ки раисиҷумҳур Раисӣ, вазири хориҷаи Эрон Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, имоми панҷвақтаи Табрез Оли Ҳошим, волии устони Озарбойҷони шарқӣ Малик Раҳматӣ ва боз 3 тан аз муҳофизон ва халабон савори он буданд, суқут кард.

Бино ба нақли Исмоилӣ, дар роҳи бозгашт чархболи раисиҷумҳур дар байн буд, вале ҳамон вақте ки онҳо аз миёни як лаккаи абр дар болои кони миси Сунгун дар устони Озарбойҷони шарқӣ убур мекарданд, чархболи Раисӣ ногаҳон нопадид шуд.

Ғуломҳусайни Исмоилӣ гуфт: “Мо дар ҳавои соф ба самти Табрез ҳаракат кардем ва дар миёнаи масир ба як лакка абр расидем. Халабони болгарди ҳомили раисиҷумҳур, ҳангоми расидан ба абр, дастури афзоиши иртифоъ дод, аммо пас аз афзоиши иртифоъ, асаре аз болгарди ҳомили раисиҷумҳур набуд. Аз ҳамон лаҳза, ки эълом карданд, ки иртиботи радиоӣ вуҷуд надорад, тамосҳое бо телефони шаҳид сардор Мӯсавӣ, дуктур Амирабдуллоҳиён, имомҷумъа ва устондор барқарор кардем, аммо ҳеч як аз онҳо посух намедоданд.”

Раҳбари дафтари раёсатҷумҳурии Эрон афзуд, ки ӯву вазири энергетика Алиакбар Меҳробиён ва вазири роҳи Эрон Меҳрдод Базрпош  дар дар чархболи баъдӣ буданд. Чархболи онҳо баъди чанд давр задан дар он минтақа  болои кони миси Сунгун фуруд омад ва ва онҳо ҳарчӣ талош карданд, ягон телефон ҷавоб намедод.

 Билохира ба халабони чархболи онҳо муяссар шудааст, ки бо телефони ҳамроҳи халабон капитан Мустафавӣ  тамос барқарор кунанд, аммо ба ҷойи капитан Мустафавӣ оятуллоҳ Оли Ҳошим посух додааст ва хабар додааст, ки “ҳоли ман хуб нест ва мо ба дара афтодаем.”

Ғуломҳусайни Исмоилӣ афзуд: “Эшон иттилооти хоссе баён накарданд, банда низ бо ҳамон шумораи телефон тамос гирифтам, эшон эълом карданд, ки ҳолашон хуб нест ва намедонанд чӣ иттифоқе афтодааст. Аз оқои Оли Ҳошим пурсидам куҷоед? Гуфт, намедонам. Гуфтам, адрес ё мушаххасае доред, то суроғи шумо биёем? Гуфт, лобалои дарахтон ҳастам. Пурсидам, бақияи ҳамроҳон ҳолашон хуб аст? Онҳоро мебинед? Гуфт, ман ҳеч касро намебинам ва танҳо ҳастам ва мутаваҷҷеҳ нашудаам, ки чӣ шудааст, касе ҳам атрофи ман нест.»

Раҳбари дафтари раёсатҷумҳурии Эрон  дар мусоҳибааш афзуд: «Оли Ҳошим мушаххасаи ҷангал ва дарахтонро дод; билофосила барои мо мушаххас шуд, ки болгарди раисиҷумҳур дучори сонеҳа шуда ва онҷо маъмурияти худамон ин таъриф кардем, ки сареъан ба маҳалли сонеҳа бирасонем ва агар ниёз ба имдод ва наҷот бошад, кори имдод ва наҷотро анҷом диҳем; онҷо имконоти хубе дар маъдани мис буд ва худравҳо ва омбулонси муносиб вуҷуд дошт; кодри пизишкиро ҳамроҳи худамон кардем ва ба самти минтақае, ки баровард мекардем ин сонеҳа рух дода, рафтем. Ман 3 ё 4 бор бо оқои Оли Ҳошим сӯҳбат кардам, ҳамкорони дигарамон ҳам мукарраран бо эшон дар тамос буданд, то 3 ё 4 соат баъд аз сонеҳа, оқои Оли Ҳошим ҷавоби тамосҳоро медод, аммо ҷавоб доданҳое, ки нишон медод, ки рамақе надоштанд ва фақат баёнгари ҳаёти эшон буд…»

Вай афзуд: «Баъдан фаҳмидем, ки соири сарнишинони болгард дар дам ҷон бохтаанд; авзоъ ва шароити пайкарҳо ҳикоят дошт, ки билофосила баъд аз сонеҳа шаҳид шудаанд.»

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button