ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ЗИНДА БА ЗИНДА СӮХТАНД… МАРГИ ФОҶИАБОРИ 8 МУҲОҶИР ДАР ҶОИ ХОБАШОН ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Соати тақрибан чори субҳи барвақти 23 майи соли 2024 як ҳостел дар ҳудуди ҷамъияти боғдории СНТ “Снегирь” дар деҳаи Падиково дар канори шаҳри Истраи вилояти Маскав, воқеъ дар фосилаи ҳамагӣ 25 километр аз канораҳои ғарбии пойтахти Русия, ба коми оташ рафт.  

Ин ҳостел, ё меҳмонхонаи арзон ҷои хоби муҳоҷирон аз Ӯзбекистону Туркманистон буд. Сӯхтор соате рух дод, ки муҳоҷирон масти хоб буданд ва 8 нафарашон зинда ба зинда сӯхтанд.

Аз ин офат танҳо як зане, ки худро аз тиреза ба берун ҳаво дод,  ҷон ба саломат бурд: Ин ҷавонзанро бо осеби мағзи сар, устухонҳои шикастаи китфу шона ва заҳролудшавӣ аз дуди оташ дар бемористони Истра бистарӣ кардаанд. Телефону санадҳои ӯ ҳама ба коми оташ рафтааст.

Бино ба як фарзия сабаби сӯхтор  нуқсон дастгоҳи барқии гармидиҳиест, ки дар камини он ҳостел насб карда буданд. Гуфта мешавад, дуди сӯхтор сабаби марги 8 муҳоҷир шудааст.

Ҳамсояҳо нақл кардаанд, ки шаб аз аккоси сагон бедор шуда, берун баромадаанд ва дидаанд, ки бинои ҳостел алакай дар панҷаи дуду оташ қарор дорад. Фурӯ нишондани оташ, ба гуфтаи шоҳидон, барои он тӯл кашид, ки масъулони бошгоҳи аспсаворӣ, ки дар ҳамсоягии ҳостел ҷойгир шудааст, ба сӯхторнишонҳо иҷозат надодаанд, то аз гидранти онҳо об бигиранд ва ба ин сабаб, мошинҳои сӯхторнишонӣ барои пур кардани об як километр роҳ мерафтанду бармегаштанд.

Сокинони деҳа гуфтаанд, аз инки дар ҳудуди ҷамъияти боғдории СНТ “Снегирь” меҳмонхонаи арзонбаҳо барои муҳоҷирон кушода буданд, розӣ набуданд ва чандин бор шикоят ҳам карданд, вале бенатиҷа.

Тавре муайян карда шуд,  бинои меҳмонхона ба Елена ном зани 39-сола тааллуқ доштааст. Елена ин биноро соли 2015 ба мерос гирифта, ба шаҳрванди 24-солаи Ӯзбекистон Музаффархон Миртозаев ба иҷора додааст. Миртозаев ба навбати худ дар онҷо барои муҳоҷирон хостел кушода, ҷойҳои хобашро ба ширкатҳои мардикорӣ мефурӯхт.  Дар пайи сӯхтор Миртозаевро дастгир карданд. Ба ӯ бар асоси қисми сеюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия барои аз беэҳтиётӣ сабаби марги беш аз 2 нафар шудан то 4 соли зиндон, ё маҳдуд кардани озодӣ ваё корҳои ислоҳӣ ба ҳамин муддат таҳдид мекунад.

Музаффархон Миртозаев дар ҷараёни бозпурсиаш хабар дод, ки ба ҳолати рӯзи 23 май дар ҳостел 15 нафар зиндагӣ мекарданд: 13 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 2 нафари дигар аз Туркманистон.  Ҳангоми сӯхтор 9 нафари онҳо дар дохили бинои оташгирифта будаанд. 6 нафари боқимонда, ба эҳтимоли ғолиб, дар басти шабона кор мекарданд ва ба ин сабаб аз марг наҷот ёфтанд.

Тавре маълум шуд, ҳамаи қурбониёни сӯхтор дар ширкати савдои интернетии OZON кор мекарданд.  Коттеҷи сӯхта дар фосилаи тақрибан 10 километр аз анбори OZON дар Новая Рига ҷойгир шудааст ва кормандонро дар ин ҳостел бо ҷои хоб таъмин карда, ҳамчунин то ҷои корашон бепул бурда мерасонданд.

Дар ширкати OZON тасдиқ карданд, ки ҳалокшудагон дар анбори ин ширкат кор мекарданд, вале расман корманди ширкати “Прайм” будаанд. “Прайм” ҳамчун миёнарав барои  OZON асосан аз миёни муҳоҷирон коргар ҷамъ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button