Номаҳо ба президентТоҷикистон

ТВ Тоҷикистон: Ҷонварҳо дар Боғи ҳайвоноти Душанбе тамоми шароитро доранд (ВИДЕО)

Дар пайи нашри матлабе бо номи “Боғи ҳайвонот ё зиндони ҳайвонот?” дар бораи шароити тоқатфарсои нигоҳубини ҷонварон дар боғҳои ҳайвоноти Тоҷикистон, шабакаи телевизионии “Тоҷикистон” шоми 15 декабр дар як гузориши муфассал гуфт, аксҳои нашршуда дар Интернет рабте ба Боғи ҳайвоноти Душанбе надоранд. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти пойтахти Тоҷикистон бо шароити муносиб ва ғизои кофӣ таъмин буда, маъмурияти Боғ роҳҳои даруни ин муассисаро сафолакпӯш кардааст ва макони нигаҳдории ҷонваронро ҳатто бо фарши гарм таъмин кардааст.

Ва аммо бисёре аз сокинон, аз ҷумла онҳое, ки рӯзҳои охир аз Боғи ҳайвоноти Душанбе дидан кардаанд, ки шароити ҷонварон дар онҷо чандон “биҳиштосо” нест, ки ТВ “Тоҷикистон” тасвир кардааст.

Ду рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабе нашр шуд, ки дар он гуфта мешуд, боғҳои ҳайвоноти Тоҷикистон бештар ба зиндони ҳайвонот монанд мебошанд ва аз нигоҳ доштани ҷонварон дар чунин шароит, яъне дар катакҳои танги пур аз бӯи бад дида, бастани ин боғҳо то замони бунёди боғи ҳайвоноти муосир беҳтар аст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 15 декабр дар саҳифаи “Архитектура Душанбе” тарҳи видеоии Боғи ҳайвоноти ҷадид дар пойтахти Тоҷикистонро нашр кардаанд. Гуфта мешавад, ин боғи муосир дар бурриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар майдони 13 гектар бо риояи талаботи имрӯза нисбат ба чунин муассисаҳо бунёд шуда, барои беш аз 1500 сар ҷонвар пешбинӣ шудааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, интиқод аз шароити бади ҷонварон дар боғҳои ҳайвонот ба ҳадафи ҳадди ақали худ – ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба ин масъала – ноил шуд.

Zuhurbek Nurmahmatov

Новый современный зоопарк в Душанбе🇹🇯!!!

Архитектура Душанбе.

Дар асоси қарор ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёди “Боғи ҳайвонот”-ро дар бурриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳ. Шерозӣ ба нақша гирифта, лоиҳаи ангоравии онро аз рӯйи технологияи муосир ва бо назардошти фикру андешидаҳои мутахассисони байналмилали таҳия намудааст.

Боғ дар масоҳати 13 гектар бунёд шуда, барои зиёда аз 1500 сар ҷонвар пешбинӣ гардидааст. Мавзеъи ҷудогардида барои ташкили ҳамагуна имконият, аз он ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот, паррандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, шароити озоди нигаҳдории онҳо ташкил карда мешавад, ки ин талаботи замони муосир мебошад.

——————————————————————————

На основании решения Председателя города Душанбе, уважаемого Рустами Эмомали, Главное управление архитектуры и градостроительства горда Душанбе, разработало проект зоопарка города Душанбе с привлечением профильных международных специалистов.

Зоопарк будет расположен на пересечении проспектов Рудаки и Х. Шерози, общая площадь зоопарка составит 13 гектаров, вместимостью 1500 видов животных, птиц и рептилий. Проект разработан с учетом современных требований содержания зверей.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button