“Carrying Sunrays”: Китоби шеърҳои шоири тоҷик Бахтиёр Аминӣ дар Амрико чоп шуд
Китоби ашъори шоири тоҷик Бахтиёр Аминӣ бо номи “Carrying Sunrays” дар Амрико ,дар нашриёти Velvet Dusk Publishing ба забони инглисӣ чоп шудааст. Ин китобро, ки маҷмӯаи шеърҳои Бахтиёр Аминӣ дар сабки ҷопонии ҳойку ва сенрю таълиф шудаанд, метавон ба зудӣ ба шакли китобӣ ва электронӣ дар пойгоҳи интернетии Amazon супориш дод.
Бахтиёр Аминӣ рӯзи 13 декабр дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, қаблан бештари шеърҳояшро ба забони русӣ менавишт, вале солҳои охир ба англисӣ низ таълиф мекунад. “Навиштаҳоям ба забони англисиро алакай беш аз 100 маҷаллаву сомонаи адабӣ нашр кардаанд. Дар китоби “Carrying Sunrays” низ бархе ҳойкуҳо ва сенрюҳо мустақиман ба англисӣ эҷод шудаанд ва бархеи дигарро ба англисӣ тарҷума кардаам”, – гуфт ӯ.
Аз Бахтиёр Аминӣ пурсидем, ки сабаби рӯ оварданаш ба сабки барои тоҷикҳо начандон ошнои шеъри ҷопонӣ чист? Оё баҳри арӯз барояш тангӣ кард? Ӯ дар посух гуфт: “Амуам равоншод Баҳманёр нависандаи бузург, амуписарҳоям Салими Зарафшонфар ва Баҳриддини Ҷӯё шоирони тавоноянд. Ман ҳамчун як навраси боғурур роҳе ҷустам, ки аз онҳо фарқ кунам ва рӯ ба верлибр овардам нахуст, баъдан ин жанри жопунӣ писандам омад. Далелаш ҳамин. Муҳим нест, дар чӣ қолабе мегӯӣ, муҳим аст ки ҳарфе барои гуфтан дошта бошӣ ва он такрорӣ набошад.”
Bakhtiyar Amini
Якшанбеҳо…
Як финҷон қаҳва ва китобҳои нав,расида аз Амрикоhttps://www.facebook.com/bakhtiyaramini/posts/3572649009483836
Bakhtiyar Amini
Китоби ҳойкуву сенрюҳои ман бо номи Carrying Sunrays ба зудӣ дар Амрико ,дар нашриёти Velvet Dusk Publishing ба забони инглисӣ чоп хоҳад шуд.
Ҳам шакли коғазӣ ва ҳам шакли электрунии онро пасон метавон осон супориш дод аз Amazon.
Сипоси беҳад аз ношир ва муҳаррир
Hemapriya Chellappan барои ороиши китоб.
Ин ҳам муқовааш
Бахтиёр Аминӣ гуфт, ба дунболи нашри “Carrying Sunrays” дар Амрико, як китоби дигари ӯ бо номи “Вкус отражения» дар нашриёти «Стеклограф”-и Русия дар дасти чоп аст.
Бахтиёр Аминӣ, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 2012, 31 марти соли 1975 дар деҳаи Марғедари ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1997 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонро хатм кардааст. Бахтиёр Аминӣ дар баробари шоирӣ соҳибкорӣ низ мекард ва солҳои 2000-2009 дар Маскав раҳбарии ширкати “Алфа”-ро бар уҳда дошт ва баъди бозгашт ба Тоҷикистон, солҳои 2009-2012 роҳбарии ширкати “Солор” ва сипас чопхонаи “Матбуот-пресс”-ро ба дӯш дошт. Бахтиёр Аминӣ дар Душанбе ҳамчунин тарабхонаи “Шукрона”-ро таъсис дода буд, ки ба як макони умдаи таҷаммӯи аҳли адаб табдил ёфта буд.
Бахтиёр Аминӣ аз соли 2016 дар Олмон зиндагӣ мекунад.
Нахустин китобаш бо номи «Никоҳи нигоҳ» соли 1994 чоп шуда, соли 2014 дар Душанбе дафтари дигари ашъораш бо номи «Ба дунболи чашмҳо» ва ҳамон сол дар Одесса китоби Аминӣ бо номи «Твоя модная улыбка» ба нашр расид. Намунаҳои ашъори ӯ дар нашрияву маҷаллаҳои «Адабиёт ва санъат», «Озодагон», «Дайри муғон», «Помир» ва ҳамин тавр дар даҳҳо нашрияҳои хориҷӣ ба табъ расида, шеърҳояш ба забонҳои англисӣ, булғорӣ, итолиёвӣ ва ӯзбекӣ низ тарҷума ва чоп шудаанд.
Намунаҳои ашъори Бахтиёр Аминӣ:
бо чашмони боз
ҳамеша ҳампаҳлӯ
тардиди ман
********
шикори шабона
дар тӯри моҳигирӣ
моҳи комил
********
утоқи интизор
дар замони оянда
ҳама афъол
********
мазраъаи гул
пиёда мешавам
на дар истгоҳи худам
********
селаи калоғҳо
тағйири ранг мекунад
майдони пеши хона
********
гузари оҳангарон
аз ҳар хона дигаргуна
садои путк
********
бехобӣ
боздоштаам бо нигоҳам
моҳро
********
пахтақанд
об мешавад дар даҳонам
бачагӣ
******
вишнёвый сад
только однажды отец
сказал нет
********
палата номер 6
выхожу из себя
и опять возвращаюсь
********
лагерь беженцев –
готовят свинину и говядину
в одной кастрюле
********
если умру от ненависти
ссы на мою могилу
бездомная собака
****
light rain
I can not remember
your name
Blithe Spirit
********
sharing watermelon
your half redder
than mine
The Mamba
********
a romantic supper
the moon is crawling slowly
from my plate to yours
Modern Haiku
********
night catch
in a fisherman’s net-
full moon
The Mainachi
********
opening the parcel
filling the room
the homeland fragrance
Wales Haiku Journal
********
a prisoner –
his CV
is tattooed
Frogpond
********
yin and yang
the black shadow of
a white dress
The Haiku Foundation
********
world map
a fly choosing
my country
The Heron’s Nest
********
kissing
on her collarbone
my initials
Failed Haiku