Коррупсия

Мудири боғча барои дохил кардани як довталаб ба Донишгоҳи тиббӣ 49 300 сомонӣ гирифтааст…

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки парвандаи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Бохтар Латофат Сафаров бо иттиҳоми қаллобӣ ба додгоҳ фиристода шуд. Латофат Сафарова ба он айбдор мешавад, ки “бо истифода аз мақоми хизматиаш аз  шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар се ҳолат  49 ҳазору 300 сомониро талаб карда гирифта, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.

Гирифтани маблағи 49300 сомонӣ барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани довталаб

Сафарова Латофат Саъдиевна дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматиаш аз  шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49300 сомониро талаб карда гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.

Дар ин хусус нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди итмоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

        Маркази матбуоти Агентӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button