БОЗДОШТИ 4 ҶАВОН БАРОИ ДУЗДИИ 20 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ СЕЙФИ ТАРАБХОНА ДАР ПОЙТАХТ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 04.01.2023
Ошкор шудани ҳолати дуздии сандуқи оҳанин
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки 29-уми декабри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба тарабхонааш, воқеъ дар шаҳри Душанбе даромада, аз он ҷо 1-адад сандуқи оҳанин, ки дар дохилаш 20 ҳазор сомонӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19, 21, 22 ва 23-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бо баҳонаи тиҷорат гирифтани маблағи пулӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 15-уми декабри соли 2022, марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои тиҷорат аз ӯ 160 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.