Паҳлавони хушноми тоҷик Сомон Маҳмадбеков рӯзи 21 майи соли 2024 дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини ҷудо (дзюдо) дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб баъди 17 сол дастоварди паҳлавони шуҳратёр Расул Боқиевро такрор кард ва соҳиби медали биринҷӣ шуд!
Сомон Маҳмадбеков, ки дар вазни то 81 кило ҳунарнамоӣ мекард, дар ин мусобиқот 4 ҳарифи худ: ро тавонист аз роҳ бардорад? Ӯ дар даври аввали чемпионати ҷаҳон рақибаш Даниэл Зубко (Фаронса), баъдан Франк Дэ Вит (Нидерланлия)-ро мағлуб карда, дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқа Абдураҳмон Абдулғанӣ (Миср)-ро шикаст дод!
Дар даври 1/4 финал Сомон Маҳмадбеков бо қаҳрамони феълии ҷудои ҷаҳон Тато Григалашвили (Гурҷистон) вориди майдон гардида, вале дар марҳилаи “тиллоӣ” (голден скор) ба иштибоҳи андаке роҳ дод ва паҳлавони гурҷӣ ба даврии баъдии мусобиқа роҳ ёфт.
Дар қисмати тасаллобахш Сомон Маҳмадбеков бо ду “вазарӣ” Давид Карапетян аз Русияро, ки ҳамчун варзишгари бетараф ҳунарнамоӣ мекард, аз сари роҳ бардошт ва дар рақобат барои нишони биринҷӣ ва мақоми сеюми чемпионати ҷаҳон паҳлавони дигари гурҷӣ Димитри Гочиладзеро мағлуб кард!
Дар таърихи варзиши тоҷик ин дуюмин медали биринҷии паҳлавонҳои Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини ҷудо аст. Аввалин медалро Расул Боқиев дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҳанӯз соли 2007 дар Бразилия ба даст оварда буд.
Сомон Маҳмадбеков ва амакбачааш Маҳмадбек Маҳмадбеков ҳарду дар шаҳри Иркутски Русия дар як толор таҳти сарпарастии амакҳояшон Эргаш ва Фотеҳ Маҳмадбековҳо машқ мекарданд. Аммо дар ҳоле ки Маҳмадбек Маҳмадбеков дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти парчами Русия ҳунарнамоӣ мекард ва ҳоло ба далели таҳти таҳримоти байналмилалӣ қарор гирифтани Русия ҳамчун варзишгари бетараф майдондорӣ мекунад, Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аз аввал таҳти парчами Тоҷикистон ба майдон баромад.