ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 6 НАФАР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ “ОПЕЛ” БО “БМВ” ДАР КИЛОМЕТРИ 312-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар се садамаи рӯзҳои 9 ва 10 апрели соли 2024 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 8 нафар ҷон бохтаанд. Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ шаби 9 апрел дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷо Ғафуров рух дод. Дар километри 312-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” бар асари бархӯрди “Опел” бо “БМВ” 6 нафар: ҳарду ронанда ва 4 мусофири “Опел” ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои ВКД, шаби 9-уми апрели соли 2024, тахминан соати 21:10, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Башаров Бустон Маҳкамович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истиқлол, ҳангоми ҳаракат дар километри 312-уми шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда Одинаев Раҳимҷон Фарҳодович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Хуҷанд, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ҳарду ронанда Башаров Б.М. ва Одинаев Р.В ва мусофирони мошини тамғаи «Опел-Вектра», Ҳамдамов Аброр Абдусаидович, соли таваллудаш 1992, Худойназаров Авазҷон Анварович, соли таваллудаш 1992, Нортаев Обидҷон Акбаралиевич, соли таваллудаш 1991 ва Ҷуманов Бегалӣ Мирзоабдуллоевич, соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Тақрибан ҳамзамон бо садамаи аввал, шаби 9-уми апрели соли 2024, тахминан соати 21:20, ронандаи мошини тамғаи «Форд», Маҳмудҷонов Алиҷон Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи 50-солагии Қаҳҳоров ба самти ноҳияи Рӯдакӣ дар дар рӯ ба рӯи ошхонаи «Чордег» пиёдагард Сафаров Музаффар Сафарович, соли таваллудаш 1951, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, номбурда пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст. ВКД мегӯяд, ҷабрдидаро баъди садама худи роандаи “Форд” ба бемористон бурдааст.
Ва нимаи дуюми рӯзи 10-уми апрели соли 2024, тахминан соати 14:30, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс-Е320”, Арабзода Арабшоҳ Нуриддин, соли таваллудаш 2004, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада хурдсол Суҳробов Билол Муродалиевич, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи А.Ҷомиро пахш намудааст. Дар натиҷа, ноболиғ Суҳробов Б.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button