ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

НАШРИ ВИДЕОИ НАВИ БОЗПУРСИИ 4 МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҲАМЛАИ ХУНИНИ “КРОКУС”

Шабакаи якуми телевизиони Русия “Первый канал” шоми 6 апрели соли 2024  видеои бозпурсиҳои чор муттаҳами асосӣ ба ҳамлаи хунини шоми 22 март ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскавро нашр кард. Фаридуни Шамсиддин, ки ӯро саркардаи ҳамлагарон мешуморанд, ҳамчунин Саидакрами Раҷабализода, Муҳаммадсобир Файзов ва Далерҷон Мирзоев дар ин гузориш мегӯянд, ки “барои гирифтани мукофоташо ба Киев раҳсипор буданд”. Онҳо мегӯянд, ки аз нафаре бо номи Сайфулло дастур мегирифтанд ва гӯё ин Сайфулло ба онҳо гуфтааст, ки ба Киев бираванд ва дар онҳо ба ҳар кадоми онҳо якмиллионрублӣ “мукофот” хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки ҳангоми боздошташ Фаридуни Шамсиддин баёнот дода буд, ки ба ҳамаи онҳо ҳамагӣ 500 ҳазор рубл ваъда дода, аз ин маблағ 250 ҳазорашро ҳамчун “аванс” ба корти бонкии ӯ гузаронда, 250 ҳазори боқимондаашро бояд баъди анҷоми ҳамла мегузаронданд. Аммо Фаридуни Шамсиддин он корти бонкиро нишон дода натавонист ва гуфт, ҳангоми фирори шитобзадаашон аз Маскав гирифтани корту чизҳои дигарашонро фаромӯш кардаанд.

Журналисти ТВ Русия бо такя ба мақомоти амниятӣ иддао кард, ки гӯё Сайфулло ин 4 нафарро ба тарафи марзи Украина раҳнамоӣ мекард ва дар артиши Украина дар марз гӯё ду нуқтаро аз мина тоза карда буд, то ин 4 нафар битавонанд озодона аз марз гузаранд.

Маълум нест, ки ин баёноти муттаҳамони асосӣ барои таҳкими фарзияи дилхоҳи мақомоти Русия дар мавриди “изи украинӣ” дар ҳамлаи “Крокус” дар чӣ шароит ба даст омадааст? Ёдовар мешавем, масъулияти ин ҳамларо созмони террористии ДОИШ ба дӯш гирифтааст. Фаридуни Шамсиддин ҳам дар баёноти қаблиаш дар бораи воизе дар Телеграм ҳарф зада буд, ки гӯё ёвари ҳамон воиз онҳоро барои анҷоми ин ҳамлаи хунин моил кард.

Мақомоти Украина ҳар навъ иттиҳоми даст доштанашон дар ҳамлаи рӯзи 22 март дар Красногорскро, ки 144 кушта ба ҷо гузошт, рад мекунанд. Дар робита ба ин ҳамлаи хунин дастикам 17 нафар дастгир шудаанд, ки 15 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, ки тафтишот онҳоро омилони ҳамла мешуморад, зодагони Тоҷикистонанд.

Фарзияи “изи украинӣ” дар ҳамлаи Красногорскро кишварҳои Ғарб низ  рад мекунанд. Мақомоти Амрико мегӯянд, аз қабл мақомоти Русияро огоҳ карда буданд, ки ДОИШ қасди анҷоми ҳамлаи бузургеро дар қаламрави Русия дар сар дорад. Мақомоти Русия иддао доштанд, ки маълумоти додаи амрикоиҳо “хеле умумӣ буд”, вале ахиран нашрияҳои бонуфузи амрикоӣ, аз ҷумла “Вашингтон Пост” ва “Ню-Йорк Таймс”, хабар доданд, ки мақомоти амрикоӣ ҳанӯз ду ҳафта қабл ҷониби Русияро ҳатто аз макони эҳтимолии ҳамла хабардор карда буданд, ки ҳадафи террористҳо толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” хоҳад шуд.

Аммо дар ниҳоят мақомоти вижаи Русия фориғболӣ карда, барои пешгирӣ аз ҳамлаи террористӣ чораҳои лозим наандешиданд ва шоми 22 марти соли 2024, соати 19:48 ба вақти Маскав, 4 нафари мусаллаҳ озодона вориди “Крокус” шуда, мардумро тирборон карданд ва баъди 13 дақиқа, соати 20:01, ҳамчунон озодона аз онҷо фирор карданд. Онҳоро танҳо як рӯз баъд дар ҳудуди вилояти Брянск, қариб 500 километр ҷанубтар аз маҳалли ҳамла дастгир карданд.

Бисёре аз корбарон низ ба ин фарзияи “изи украинӣ”, ки ҷониби Русия, аз ҷумла роҳбарияти олии сиёсии ин кишвар мехоҳад талқин кунад, бовар надоранд ваё ба он бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Ба ақидаи ин корбарон, зери он шиканҷаҳои сангине, ки муттаҳамон рӯбарӯ шуданд, онҳо метавонанд ҳар баёноти дилхоҳи мақомотро бидиҳанд.

Қаблан дар Интернет аксе нашр шуд, ки чӣ гуна ҳангоми боздошт яке аз муттаҳамони асосӣ– Фаридуни Шамсиддинро бо пайвастани нирӯи барқ ба узви таносулаш шиканҷа медиҳанд. Дар видеои дигар ҳангоми боздошт гӯши Саидакрами Раҷабализодаро бурида, ба даҳонаш андохтанд ва маҷбур мекарданд, ки гӯшашро бихӯрад, вагарна узви таносулашро бурида, ба даҳонаш хоҳанд андохт…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button