ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ВИЗА БАРОИ САФАРИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БА ТУРКИЯ АЗ 20 АПРЕЛ ҶОРӢ МЕШАВАД

“Ховар”, хабаргузории расмии ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 7 апрели соли 2024 бо такя ба маълумоти вазорати хориҷа хабар дод, ки низоми раводид (виза) аз ҷониби Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2024 ҷорӣ мешавад. Дар вазорат гуфтаанд, ки Туркия рӯзи 6 апрел билохира ҷониби Тоҷикистонро тавассути роҳҳои дипломатӣ расман аз ин тадбир хабардор кардааст.

“Аз ин лиҳоз ба шаҳрвандони Тоҷикистон зарур аст, шуруъ аз 20 апрел, пеш аз сафар ба Туркия раводид дошта бошанд”, навиштааст “Ховар”.  Қаблан шарҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонистанд бе раводид вориди Туркия шаванд ва 90 рӯз он ҷо бошанд.

Қаблан вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки аз ҷониби Туркия дар бораи ҷорӣ шудани виза барои шаҳрвандони тоҷик расман ягон иттилоъ нагирифтааст.

Шоҳин Самадӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6 апрели соли 2024 ба “Азия Плюс” дар ин робита гуфт: “Тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, ҷониби Туркия мебоист аз қабл ҷониби Тоҷикистонро аз санаи ҷорӣ шудани низоми раводид (виза) хабардор мекард. Таъкид мекунем, ки чунин маълумоттро ҷониби Тоҷикистон бо каналҳои дипломатӣ то ҳол нагирифтааст”.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид кард, ки Душанбе низ дар асоси асли посухи мутақобила масъалаи ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони Туркияро баррасӣ мекунад. Вале Шоҳин Самадӣ дар ин бора тафсилот надодааст.

Тавре қаблан хабар додем, шаби 5 ба 6 апрели соли 2024 дар нашрияи расмии ҳукумати Туркия Resmi gazete фармони президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон. Дар ин фармон, ки аз рӯзи нашраш, яъне 6 апрел ба иҷро даромад, гуфта мешавад ки:  “Қарор карда шуд, ки режими бидуни раводид барои сафар ба Туркия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳои хориҷии оддӣ доранд, бекор карда шавад”.

Тартиби нави сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Туркия ҳанӯз рӯшан нест, ки чӣ гуна хоҳад буд? Онҳо бояд аз қабл барои дарёфти виза ба консулгариҳои Туркия муроҷиат кунанд ваё ба тоҷикистониҳо имкони дар фурудгоҳҳои Туркия дархост кардани визаи вуруд боқӣ гузошта мешавад?

Дар бораи сабаби чунин қарори ҳукумати Туркия низ то кунун шарҳе нашр нашудааст. Вале тасмими Туркия дар мавриди бекор кардани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи силсилаи ҳамлаҳои террористии аз номи созмони террористии ДОИШ дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла дар Туркия, бо иштироки зодагони Тоҷикистон суратгирифта эълон шуд.

Аз ҷумла барои ҳамлаи мусаллаҳонаи моҳи январи соли 2024 ба калисои католикӣ дар шаҳри Истанбул, ки боиси ҳалокати як шаҳрванди Туркия шуд, ду нафар дастгир шуданд, ки якеаш аз Русия ва дуюмаг зодаи Тоҷикистон Амирҷон Холиқов буд.

Алакай дар пайи ин ҳамла тафтиши мусофирон аз Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Истанбул шадид карда буданд. Мусофирони тоҷик шикоят мекарданд, ки онҳоро бидуни чиптаи бозгашт ба Туркия роҳ намедиҳанд ва ҳатто агар чиптаи бозгашт дар даст дошта бошанд, бояд дар марз нишон бидиҳанд ва собит кунанд, ки барои муддати зиндагиашон дар Туркия бо худ маблағи кофӣ доранд.

Ҳамин тавр,  дастикам ду нафар аз омилони ҳамлаи хунини рӯзи 22 март дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, ки онҳо ҳам аз Тоҷикистонанд, дар аввали соли ҷорӣ ба Туркия сафар карда буданд. Гумон меравад, ки онҳоро барои машқ додан ба пойгоҳҳои махфии гуруҳҳои террористӣ бурдаанд.

Ахиран дар асоси баёноти додаи Фаридуни Шамсиддин, ки ӯро саркардаи ҳамлагарон мешуморанд, дар Туркия 51 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ДОИШ дастгир карданд. Ҳамин тавр, шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон Фозилҷон А. ва шарики 41-солаи ӯ аз Қирғизистон бо номи Зулфия С. бо иттиҳоми омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар Туркия дастгир шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button