ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ҲАБСИ МУҲАММАД ШАРИФЗОДА – ТОҶИКИ 15-УМИ МУТТАҲАМ ДАР ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТИИ “КРОКУС” (ВИДЕО)

Боз як нафари муттаҳам ба даст доштан дар ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав ба ҳабс гирифта шуд. Муттаассифона, ӯ ҳам зодаи Тоҷикистон будааст.

Бино ба гузориши Телеграм-канали Суды общей юрисдикции г. Москвы, додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 5 апрели соли 2024 зодаи Тоҷикистон Шарифзода Муҳаммад Зоирро, ки бар асоси моддаи 205, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии Русия ба даст доштан дар амали террористӣ айбдор мешавад, барои як моҳу 18 рӯз, яъне то 22 майи соли 2024 ба баҳси пешакӣ гирифт. Тафсилоти дигаре дар ин бора дода нашудааст.

Муҳаммад Шарифзода яке аз 11 нафаре буд, ки алакай як рӯз баъди ҳамлаи рӯзи 22 марти соли 2024 дар Красногорск ба даст афтоданд. Ба фарқ аз 4 муттаҳами асосӣ, ки тафтишот онҳоро ба иштироки бевосита дар ҳамла гунаҳкор мекунад, Муҳаммад Шарифзода танҳо ба “ҳамдастӣ дар тайёр кардани ҳамла” айбдор мешавад. Вале маълум нест, ки ӯро мушаххасан ба чӣ айбдор мекарданд ва Шарифзода бо чӣ кирдоре дар ин ҳамла “ҳамдастӣ” кардааст?

Ёдовар мешавем, 22 марти соли 2024 чор нафари мусаллаҳ ба толори консертҳои “Крокус Сити Ҳолл” дар шаҳри Красногорск дар канори Маскав, пойтахти Русия ҳамла карда, мардумро тирборон карданд. Дар натиҷаи тирборон ва сӯхтори баъдӣ 144 кас кушта шуд. Бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҳамла то имрӯз дастикам 17 нафар дастгир шудаанд, ки 15 нафараш, аз ҷумла ҳамаи 4 муттаҳами асосӣ, мутаассифона, аз Тоҷикистонанд.

11 нафари онҳо (10 зодаи Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистон) билофосила як рӯз баъди ҳамла дар шаҳру вилояти Маскав ба даст афтода, се нафари дигар (як сокини Доғистон ва ду зодаи Тоҷикистон) дар поёни моҳи март дар Доғистон дастгир шуданд. Дар аввали моҳи апрел ФСБ хабар дод, ки дар шаҳрҳои Маскав, Екатеринбург ва Омск боз 3 зодаи Осиёи Марказиро, ки якеаш шаҳрвандии Русияро дорад, бо гумони кумак ва ҳамдастӣ дар ҳамлаи  Красногорск дастгир кардаанд. Бархе расонаҳои Русия хабар доданд, ки ин се нафар низ аз Тоҷикистонанд.

То имрӯз исми 13 нафар аз дастгиршудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” маълум шудааст. Инҳо:

Афроди муттаҳам ба анҷоми ҳамла:

  1. Фаридуни Шамсиддин, саркардаи эҳтимолии ҳамлагарон, зодаи деҳаи Лойоб дар канори шаҳри Ҳисор
  2. Саидакрами Раҷабализода, зодаи шаҳри Ваҳдат
  3. Далерҷон Мирзоев, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ
  4. Муҳаммадсобир Файзов, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ

Афроди муттаҳам ба кумак ба ҳамлагаро:

  1. Алишер Қосимов, зодаи шаҳри Ӯши Қирғизисто, шаҳрванди Русия, Фаридуни Шамсиддин дар Красногорск хонаи ӯро иҷора гирифта буд.
  2. Исроил Исломов, падар
  3. Аминджон Исломов, писари калонӣ
  4. Диловар Исломов, писари хурдӣ. Соҳиби қаблии мошини рангаш сафеди тамғаи “Рено”, ки дар ҳамла истифода шуд. Исломовҳо худро бегуноҳ мешуморанд ва  ҳарсе аз ҳукми ҳабсашон шикоят навиштаанд.
  5. Лутфуллои Назримад, зодаи шаҳри Душанбе. Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар “Крокус” дар шоми ҳамла дастгир шуд. Мисли Юсуфзода, ӯро ҳам дар аввал барои саркашӣ аз иҷрои амри пулис 15 шабонарӯз ҳабс карда, баъдан ба зиддаш бо иттиҳоми терроризм парванда кушоданд.
  6. Яъқубҷони Юсуфзода, зодаи Моғиёни Панҷакент
  7. Шарифзода Муҳаммад Зоир
  8. Абдувоҳид Файзуллоев
  9. Рустам Саидзода мебошанд. Ин 2 нафари охир рӯзи 31 март дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия дастгир шуданд. Онҳоро ба интиқоли пул ва силоҳ барои омилони ҳамлаи рӯзи 22 март дар “Крокус” ва ҳамчунин ба тайёрӣ барои анҷоми як ҳамлаи дигари террористӣ дар шаҳри Каспийски Доғистон айбдор мекунанд.

То кунун исми 4 муттаҳами боқимонда, аз ҷумла як сокини Доғистон, ки рӯзи 30 март дар шаҳри Каспийск дастгир шуд, ва се нафари ахири дар Маскаву Екатеринбург ва Омск ба даст афтода нашр нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button