Хабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ДУ БАРОДАРИ НОБОЛИҒ ДАР ДУШАНБЕ АЗ РӮЗИ 1 АПРЕЛ ГУМ ШУДААНД. БАРОИ ЁФТАНИ МЕҲРОБ ВА УМАР МУХТОРЗОДА КУМАК КУНЕД!

Мақомоти милитсия чанд рӯз боз ду бародари ноболиғро, ки рӯзи 1 апрели соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе гум шудаанд, ҷустуҷӯ доранд.

Дар хабарномае, ки бо имзои сардори ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифзода Баҳром Раҳмоналӣ ба сардорони раёсатҳои корҳои дохилии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт, ҳамчунин ба сардорони шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ирсол шудааст,  чунин гуфта мешавад:

“Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба маълумоти Шумо мерасонад, ки ноболиғон Мухторзода Меҳроб Хуршед, санаи таваллудаш 06.08.2011, ва Мухторзода Умар Хуршед, санаи таваллудаш 07.11. 2012, сокинони ш. Душанбе, н. И.Сомонӣ, кӯчаи Маҳмадулло Холов, хонаи №34, рӯзи 01.04.2024, тахминан соатҳои 14:00, аз ҳудуди кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи И.Сомонӣ ба самти номаълум рфта, беномунишон гум шудаанд.

НИШОНАҲОЯШОН:

Мухторзода Меҳроб Хуршед қадаш тахминан 140 – 150 см буда, харобина мебошад. Дар танаш шиму костюми мактабии рангаш кабудча, дар пояш пойафзоли рангаш сиёҳу сафеди гулдор (мокасин) дошт. Сафедпӯст, мӯи сараш пасти рангаш сиёҳ, дар рӯй ва баданаш ягон нишона ё ҷароҳат надорад.

Мухторзода Умар Хуршед қадаш тахминан 120 – 130 см буда, харобина мебошад. Дар танаш шиму костюми мактабии рангаш кабудча, дар пояш пойафзоли рангаш сиёҳ (мокасин) дошт. Сафедпӯст, мӯи сараш пасти рангаш сиёҳ, дар рӯй ва баданаш ягон нишона ё ҷароҳат надорад.

Дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо хоҳиш мекунем, ки тамоми қувваҳои ёрирасон ва ҳайъатҳои шахсиро сафарбар карда, новобаста аз натиҷаи бадастомада ба суроғаи мо хаттӣ хабар расонед”.

Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи куҷо будани Меҳробу Умар маълумоте доранд, хоҳиш карда мешавад, ки кумаки худро барои ёфтани онҳо дареғ надоред.

Телефонҳо барои тамос:  

(+992 37) 224-13-06,

(+992) 907-78-58-57

факс (+992 37) 22487-88

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button