ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ПОЙТАХТ ВА ДАР КОВОКДАРАИ РОҒУН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи ду садамаи марговаре хабар дод, ки ҳарду нимашаби 3 апрели соли 2024  дар байни як соат рух додаанд.

Шаби 3-юми апрели соли 2024, тахминан соати 01:23-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Бобоалиев Карим Назаршоевич, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи С.Шерозӣ ба самти кӯчаи С.Айнии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, пиёдагард Ятимова Моҳистон Юнусовна, соли таваллудаш 1964, сокини пойтахтро пахш намудааст. Дар натиҷа, шаҳрванд Ятимова М.Ю. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Боз ҳам шаби 3-юми апрели соли 2024, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс 690», Салоев Турдибек Идибекович, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Роғун ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти ноҳияи Лахш дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш”, дар ҳудуди деҳаи Ковокдараи шаҳри Роғун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба кӯҳпораи канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа, худи ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур, Салоев Улуғбек Идибекович, соли таваллудаш 1991, сокини ҳамон ҷо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохта, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button