Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 3 апрели соли 2024 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз ошкор шудани як ҷинояти сангини одамкушӣ: қатли духтари донишҷӯ аз ҷониби ҷавоне, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ дошт, хабар дод.
Бино ба гузориши сухангӯи милитсияи пойтахт Сироҷиддин Шакурӣ, ҳодиса рӯзи 19 марти соли 2024, тақрибан соати 14:30 дар кӯчаи ба номи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар наздики гузаргоҳи роҳи оҳан рух додааст.
Шаҳзод Назирзода, сокини 24-солаи шаҳри Истаравшан, ки бо ҳамсолаш Шаҳноза Қодирова аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил мекард, чанд вақт боз робита барқарор карда буд, вале вақтҳои охир байни онҳо нофаҳмиҳои зиёд ба амал меомад.
Дар гузориш дар бораи дар кадом замина ва ба чӣ сабаб пеш омадани ин нофаҳмиҳо чизе гуфта нашудааст. Вале бино ба фарзияи тафтишот, рӯзи 19 март, соати 14:30 Шаҳзод Назирзода дар назди гузаргоҳи роҳи оҳан роҳи Шаҳнозаро поида, баробари омаданаш бо ӯ вориди муноқишаи навбатии лафзӣ мешавад.
Тафтишот бар ин аст, ки Шаҳзод он рӯз “аз ҳиссиёти рашк ва қаҳру ғазаб” аз қабл нақшаи куштани духтарро кашида буд ва аз ин рӯ, бо худ корд гирифта, ба мулоқот бо Шаҳноза омад.
Худи Шаҳзод Назирзода дар ин гузориш тасдиқ мекунад, ки дар ҳақиқат пешакӣ аз бозори “Сафариён” як корд харида, ба пеши Шаҳноза омад.
Вақте ки ин мулоқоти онҳо низ ба муноқиша печид, Шаҳзод кордро аз ҷайб берун бароварда, ба бадани Шаҳноза 7 зарба задааст. Шаҳзод Назирзода дар гузориши нашршуда ба таври муфассал нақл кард, ки чӣ гуна ба бадани духтари дӯстдоштааш зарба мезаду духтар ба хотири наҷоти ҷонаш кӯшиши фирор мекард ва ӯ Шаҳнозаро таъқиб карда, билохира бо як зарбаи дигар аз пой афтонд. Дар гузориш изи зиёди хун дар танаи як лӯла ва ҳамчунин дар деворро нишон медиҳанд ва Шаҳзод низ эътироф мекунад, ки “инҳо ҳамааш хуни Шаҳноза аст”.
Шаҳзод Назирзода нақл кард, ки лаҳзаи ба духтар бо корд ҳамла кардани ӯро як зану чанд ҷавон шоҳид шуданд ва вақте ки он зан доду фарёд бардошт, ӯ аз ҷои ҳодиса фирор кард.
Шаҳноза Қодироваро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурданд, вале табибон натавонистанд ӯро аз чанги марг наҷот диҳанд. Шаҳноза рӯзи 25 март бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон ҷон дод.
Сабаби муноқишаи ду ҷавон, ки ба чунин оқибати хунин анҷомид, ногуфта боқӣ монд.
Ба зидди Шаҳзод Назирзода бар асоси қисми дуюми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Бар асоси ин банди қонун ба ӯ ах 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бино ба омори ВКД, дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ 57 ҳолати одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор ва ҳамчунин 129 ҳолати қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ сабт шудааст. Ин назар ба 58 куштору қасди одамкушӣ ва 137 ҳолати қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки соле қабл сабт шуда буд, камтар аст, вале омори чунин ҷиноятҳои вазнин дар Тоҷикистон боз ҳам нигаронкунанда боқӣ мемонад.