ҚАЛЛОБӢ БО 385 ҲАЗОР СОМОНӢ ПУЛИ САФОЛАК ВА ДУЗДИИ ТЕЛЕФОНУ ЛИБОС
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 3 апрели соли 2024
Ошкор шудани қаллобӣ дар ҳаҷми 385 ҳазор сомонӣ
Ба ШВКД-2 ноҳияи Сино бо ариза марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2023, дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе мардони 35 ва 36-солаи сокинони ноҳияи Темурмалик ва шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар масоҳати 2 ҳазору 568 метри мураббаъ сафолакҳо (кафел)-ро ба маблағи 385 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Боздошти ҷавони 20-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД ноҳияи Хуросон бо ариза зани 51-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 31-уми марти соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-А-72” ва либосҳои писарашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.