Хабарҳои кӯтоҳ

МЕХОСТАНД ЛИБОСИ МӮД БИПӮШАНД: ДУ НАВРАС ДАР БӮСТОН МАҒОЗАИ ЛИБОСРО ҒОРАТ КАРДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки ду навраси 16-сола дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) дар шимоли ҷумҳурӣ соати чори шаб, дар вақти усарӣ тирезаи мағозаи либосро бо санг шикаста, аз дарунаш ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 3 ҳазор доллар либоси гуногуни мардонаро дуздидаанд. Чунни ба назар мерасад, ки ин наврасон бо расидани фасли гармо ва пеш аз иди Наврӯз мехостанд гардероби худро иваз карда, бо риояи мӯди баҳорӣ либоси нав пӯшанд. Вале акнун онҳо то чанд вақти дигар маҷбур мешаванд бо либоси дурушти маҳбусӣ одат кунанд.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғони 16-солаи сокинони шаҳри Бӯстон, санаи 16-уми марти соли 2024, тахминан соати 04:00 бо санги дар дасташон буда оинаи мағозаи фурӯши либосҳои мардонаро, ки ба марди 44-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад шикаста, ғайриқонунӣ вориди мағоза гардидаанд ва аз он ҷо якчанд намуди либосҳои мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зарари расонидашуда дар умум 35 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса ва назари наздикони наврасони дастгиршуда дастрас нест. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар ин ҷумҳурӣ сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5240 дуздӣ сабт шуда буд, ки қариб чоряки ҷамъи ҷиноятҳои солро ташкил медод.

Аммо омори расмӣ ҳамаи дуздиҳои дар кишвар содиршударо дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон муроҷиат ба мақомотро бесамар дониста, ё худашон мустақилона дар пайи ҷустуҷӯи дузд мешаванд ваё ба Худо ҳаволааш мекунанд.

Моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои дуздӣ вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ва оқибатҳояш аз 2 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале барои ноболиғон ҷазои ҷиноятҳои содиркардаашон дар муқоиса ба ҷинояткорони калонсол нисбатан сабуктар аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button