ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ НАЗДИКИ 11 КИЛОМЕТРИ МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН МУАЙЯН КАРДА ШУД

Дар ҷараёни даври навбатии музокироти марзии Тоҷистону Қирғизистон, ки аз 12 то 17 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстон доир шуд, тарафҳо боз наздики 11 километри қитъаҳои баҳсӣ дар марзи ин ду кишварро муайян кардаанд. Ба ин тартиб, аз 987,6 километри марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай 901 километраш муайян карда шуда, ҳамагӣ 86 километри дигари ин марз муайянношуда боқӣ мемонад.

Дар иттилоияи расмии тарафҳо чунин гуфта мешавад: “Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 12 то 17 марти соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Гурӯҳҳои кории топографӣ 10,76 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд. Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, то тавсифи минтақаҳои боқимондаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома диҳанд. Аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид. Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд”.

Дар бораи инки ин наздики 11 километри муайяншуда ба кадом қитъаҳои баҳсии марз марбут аст, ягон тафсилот дода нашудааст. Вале ин пешравӣ дар музокирот дар пайи бенатиҷа анҷом ёфтани даври қаблии музокирот дар Бодканд ва дар умум аз моҳи феврал ба ин тараф муайян шудани ҳамагӣ 1,1 километри қитъаҳои марзист, ки умедҳо барои алакай дар моҳи марти соли ҷорӣ ба анҷом расондани раванди ташхис ва аломатгузории тамоми  тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро зери суол қарор додааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, кор дар музокироти Бӯстон низ танҳо баъди мулоқоти рӯзи 15 марти раисони ҳайъатҳо Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар меҳмонхонаи “Абдуқодир Ҷабб”рзода” дар шаҳри Бӯстон аз ҷояш ҷунбид.

Ҳарду ҷониб аз гуфтани ҷузъиёти музокироти марзӣ ва инки пешрафтҳои ахир дар амри таъйин ва аломатгузории ин мушкилтарин марз дар Осиёи Марказӣ дар асоси чӣ гузаштҳое аз тарафи ҷонибҳо ба даст омадааст?, худдорӣ мекунанд. Махфӣ гузаштани музокироти марзӣ мардумро, ба хусус сокинони манотиқи наздимарзиро дар ҳоли нигаронӣ нигоҳ медорад.

Музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин соли рукуд тоза аз моҳи октябри соли 2023 якбора суръат гирифт ва дар 5 моҳи охир ду ҷониб тавонистанд беш аз 200 километр қитъаҳои баҳсии марзро мушаххас кунанд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи декабри соли 2023 изҳор дошт, ки Бишкек ва Душанбе алакай дар баҳори соли 2024 музокироти марзиро ба поён хоҳанд расонд. Ҷониби Тоҷикистон ин хушбинии ҷониби дигарро мустақиман тасдиқ ё рад накардаст, вале рӯзи 10 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон дар Душанбе дар пайи мулоқоташ бо президенти Тоҷикистон ва бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки созишномаи  ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистон алакай моҳи марти соли 2024 ба имзо мерасад.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то чанд моҳи пеш танҳо чизе бештар аз 600 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шуда буд. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Аз ҷумла дар муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф беш аз 140 нафар кушта ва наздики 450 нафар захмӣ шуданд. Ин хунинтарин даргирӣдар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Қирғизистон аз моҳи майи соли 2021 марзашро бо Тоҷикистон пурра баста аст. Дар аввал “мубориза бо коронавирус” ҳамчун баҳонаи расмии бастани марз гуфта мешуд, вале баъде ки хатари коронавирус аз байн рафту вале марз ҳамунон баста боқӣ монд, роҳбарони Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки марз бо Тоҷикистон танҳо баъди пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ бо ин кишвар кушода хоҳад шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button