ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ЯКЕ АЗ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИКИ АЗ ВОЕНКОМАТИ МАСКАВ ФИРОРКАРДА ДАР БЕЛАРУС БА ДАСТ АФТОДААСТ

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскави Русия рӯзи 14 марти соли 2024 хабар дод, ки яке аз ду ҷавони тоҷике, ки аз хидмат дар артиши Русия фирор карда буд, дар Беларус дастгир гардид.

Парвандаи ин ду ҷавонро шуъбаи тафтишоти минтақаи Люблино бар асоси қисми якуми моддаи 328 Кодекси ҷиноятии Русия (саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ) пеш мебарад. Ба онҳо бар асоси ин банди қонун, ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл, т 6 моҳи ҳабс ваё то 2 соли зиндон  корҳои ислоҳӣ ба ҳамин муддат таҳдид мекунад.

Қаблан гузориш шуда буд, ки ду ҷавони тоҷик Муҳаммаднабӣ С. ва Мақсуд М., солҳои таваллудашон 2004 ва 2005, ки солҳои 2019 ва 2022 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд, дар тирамоҳи соли 2023 дар шаҳри Маскав ба хидмати ҳарбӣ даъват шуданд, вале рӯзи 22 октябри соли 2023 ҳарду аз нуқтаи ҷамъоварии сарбозҳо дар кӯчаи Угрешская дар ҷануби пойтахти Русия фирор карданд. Аз онҷо онҳоро мебоист барои адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ ба қисми низомӣ мефиристоданд. Вале тақрибан соати ҳашти шом кормандони нуқтаи сарбозгирӣ хабар ёфтанд, ки ҳарду ҷавони тоҷик фирор кардаанд.

Худи Муҳаммаднабӣ ва Мақсуд ё наздикони онҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале он вақт бархе расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки ҷавонони тоҷик баъди фаҳмидани ин ки онҳоро ба ҷанги зидди Русия фиристоданианд, фирор кардаанд.

Баъди фирорашон мақомот ба зидди онҳо парванда кушода, ҳардуро таҳти ҷустуҷӯ қарор доданд.

Юлия Иванова, ёвари сардори Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав гуфт, “бо шарофати ҳамкории тафтишот ва пулис макони будубоши яке аз айбдоршавандагон дар Ҷумҳурии Беларус муайян карда шуд ва ӯро алакай ба Маскав оварданд”. Юлия Иванова афзуд, ки бо нафари дастгиршуда алакай амалиёти тафтишотӣ анҷом гирифта ва ӯ ба гуноҳи худ эътироф кард.  

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ҷустуҷӯи фирории дуюм идома дорад. Ин дар ҳолест, ки моҳи октябр дар хабарҳо гуфта мешуд, ки яке аз тоҷикҳои фироркардаро алакай 3 рӯз баъд дар ноҳияи Преображенскийи шаҳри Маскав дар хонаи волидонаш дастгир кардаанд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи ду соли ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд, аз ҳарду тараф наздики 200 ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ ва 10 миллион украинӣ гуреза шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Бархе мансабдорони баландпоя ва сиёсатмадорони миллатгарои рус, ба мисли раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ва депутати Думаи давлатӣ Сергей Миронов,  тақозо доранд, ки ба ҷанги зидди Украина дар навбати аввал бояд муҳоҷиронеро, ки шаҳрванди Русия шудаанд, бубаранд, то ки онҳо, ба таъбири Бастрикин, “дар амал садоқати худро ба Ватани навашон нишон бидиҳанд”. Бастрикин ҳамчунин хост, то муҳоҷиронеро, ки шаҳрванди Русия шудаанд вале аз рафтан ба ҷанги зидди Украина саркашӣ мекунанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд.

Вале дар Тоҷикистон дар байни мардум фикру ақидаҳо дар бораи иштироки зодагони ин кишвар дар ҷанги Русия ба зидди Украина яксон нест. Бархе бар инанд, ки тоҷикистониҳо бояд ба шарики стратегии кишвари худ Русия дар ин ҷанг кумак кунанд ва бо ин роҳ барои ба як миллион тоҷик ҷои кор доданаш ба Русия изҳори сипос кунанд. Вале дигарон ҷанги Русия ба зидди Украинаро як ҷанги ноодилона ва барои тоҷикистониҳо як ҷанги бегона медонанд ва иштироки зодагони Тоҷикистон дар ин ҷангу худро қурбон кардани онҳоро бемаънӣ мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button