ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ФИРОРИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК МУҲАММАДНАБӢ ВА МАҚСУД АЗ НУҚТАИ САРБОЗГИРӢ ДАР МАСКАВ

Ду ҷавони зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, бояд ба хидмати ҳарбӣ мерафтанд, рӯзи 22 октябри соли 2023 аз нуқтаи ҷамъоварии сарбозҳои комиссариати ҳарбии шаҳри Маскав фирор кардаанд. Дар ин бора рӯзи 26 октябр Телеграм-канали SHOT хабар дод.
Бино ба иттилои SHOT, Муҳаммаднабӣ С. ва Мақсуд М.  рӯзи 22 октябр дар нуқтаи ҷамъоварии сарбозҳо дар кӯчаи Угрешская дар ҷануби пойтахти Русия қарор доштанд ва аз онҷо онҳоро мебоист барои адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ ба қисми низомӣ мефиристоданд. Вале тақрибан соати ҳашти шом кормандони нуқтаи сарбозгирӣ хабар ёфтанд, ки ҳарду ҷавони тоҷик фирор кардаанд.

Бино ба иттилои ин нашрия, Муҳаммаднабиро баъди 3 рӯз дар маҳалли сабти номаш пайдо ва боздошт кардаанд. Ҷустуҷӯи Мақсуд ҳанӯз идома дорад.

Дар робита ба  ин қазия бо моддаи “саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба Мақсуд ва Муҳаммаднабӣ бар асоси моддаи 339 Кодекси ҷиноятии Русия то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.

Кӯчаи Угрешская дар минтақаи Печатники дар ҳудуди ҳавзаи маъмурии ҷанубушарқии шаҳри Маскав ҷойгир шуда, нуқтаи ҷамъугири сарбозҳои комиссариати ҳарбии Русия дар ҳамин кӯча аст.

Телеграм-канали “Осторожно, Москва”  хабар дод, ки ду ҷавони тоҷики фироркарда ҳамагӣ 18 ва 19 сол доштанд – соли таваллуди Муҳаммаднабӣ 2004  ва аз Мақсуд – 2005 будааст. Манбаи ин канал гуфтааст, ки ду ҷавони тоҷик аз сари девор парида, аз нуқтаи сарбозгирӣ фирор кардаанд. Вале бино ба маълумоти “Осторожно, Москва”, Муҳаммаднабиро алакай баъди ягон соат бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ дар ҳудуди ноҳияи Преображенский пайдо ва дастгир кардаанд. Аммо дар бораи куҷо ғайб задани Мақсуд ягон хабар нест.

Дар бораи ин ки Муҳаммаднабӣ ва Мақсуд барои адои хидмат ба кадом қисми ҳарбӣ бурда мешуданд, ки онҳоро фирорро авло донистанд?, дар хабарҳо чизе гуфта нашудааст.

Ахиран бархе мансабдорони баландпоя ва сиёсатмадорони миллатгарои рус, ба мисли раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин ва депутати Думаи давлатӣ Сергей Миронов,  тақозо доштанд, ки дар навбати аввал бояд муҳоҷиронеро, ки шаҳрванди Русия шудаанд, ба ҷанги зидди Украина бубаранд, то ки онҳо, ба таъбири Бастрикин, “дар амал садоқати худро ба Ватани навашон нишон бидиҳанд”. Бастрикин ҳамчунин хост, то муҳоҷиронеро, ки шаҳрванди Русия шудаанд вале аз рафтан ба ҷанги зидди Украина саркашӣ мекунанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд.

Ин дар ҳолест, ки артиши Русия дар Украина ба камбуди шадиди нирӯ дучор шудааст ва мақомоти Русия хеле вақт боз талош доранд, то ки муҳоҷирони ҳанӯз шаҳрвандӣ нагирифтаро низ бо ваъдаи маоши хубу имкони ба осонӣ гирифтани шаҳрвандии Русия ба ҷанг ҷалб кунанд. Ҳамин тавр, маҳбусонро аз зиндонҳои Русия бо ваъдаи озодии зуд ба ҷанги Украина ҷалб карда истодаанд.

То имрӯз дар бораи ҳалокати даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина хабарҳо ба даст расидаанд. Беш аз 30 нафари онҳо маҳбусони собиқанд, ки ба ваъдаи озодии зуд дода шуда, ба ҷанг рафтанд.

Бо вуҷуди хатари сафарбарӣ ба ҷанги зидди Украина, соли 2022 боз 173 ҳазор ва дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ боз наздики 45 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон  шаҳрванди Русия шудаанд. Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз то 500зодаи Тоҷикистон шиносномаи хокистарранги тоҷикиашро бо шиносномаи сурхи русӣ бо уқоби дусара дар муқовааш иваз мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button