ВидеоТаърихТоҷикистон

ҲАМАГӢ 8 СОЛИ ЗИНДОНИ “БОЕВИК”-И ХӮҶА-КОМАНДИР БАРОИ ҚАТЛИ 22 УЗВИ ЯК ОИЛА!


​​​​​​​Додгоҳи шаҳри Бохтар ҳукми Юсуф (Ҷӯрабек) Солиҳов, муҳофизи фармондеҳи пешини Фронти Халқӣ Хӯҷа Каримовро бар асоси қонуни афви умумӣ (аз соли 1998) аз 12 то ба 8 сол зиндон поин овардааст. Додситони вилояти Хатлон ба зидди он эътироз кард. Вакили мудофеъ, баръакс, талаб дорад, ки ӯ пурра озод шавад.

Пештар, дар моҳи феврали имсол, Додгоҳи шаҳри Бохтар Юсуф Солиҳовро ба гуноҳи куштори гуруҳӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба 12 сол зиндон маҳкум карда буд.

Мақомот гуфтанд, ӯ ҳамроҳи даҳ шахси мусаллаҳ дар ноҳияи Хуросон (Ғозималики собиқ) дар куштани 22 узви як оила ва оташ задани ҷасади онҳо даст дошт. Ду узви ҳамин хонавода аз зарби тир маъюби якумрӣ ҳастанд. Ҳодиса тирамоҳи соли 1992 рӯй додааст.

Худаш дар мурофиа гуфтааст, дар ҷойи ҳодиса буд, вале касеро накушт.

Аваз Назарзода, додситони вилояти Хатлон, дар муроҷиати 9-саҳифаӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ҳукмро бозбинӣ ва муҳлати адои ҷазоро барои Солиҳов бештар кунад. Вай ҷазои таъиншударо “номуносиб” ва “сабук” хондааст.

Саид Салимзода, вакили мудофеи Юсуф Солиҳов, дар номаи ҷудогона ба Додгоҳи олӣ навиштааст, ки зерҳимояи ӯ ва ҳамроҳонаш дар соли 1992 узви Фронти Халқӣ буда, вале дар идораҳои давлатӣ фаъолият надоштанд.

Вакил нигоштааст, ҷиноят сӣ сол пеш содир шуд ва ба сабаби “гузаштани муҳлат” парвандаи ҷиноии зерҳимояаш қатъ ва ӯ аз боздоштгоҳ озод гардад.

Баҳодур Абдуллоев, ки ҳангоми ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба хонаашон 11 сол дошт, мегӯяд, ҳафтаи гузашта ази ҳукми Додгоҳи Бохтар ба Додгоҳи олӣ шикоят карданд. Ӯ рӯзи 11-уми март гуфт: “Онҳо волидонам, бибиву бобоям, духтарону занони аз 10-сола то 55-сола, дар умум 22 нафарро таҳқир карданд ва куштанд. Чӣ тавр Додгоҳ 8 сол ҳабс мекунад? Мо розӣ нестем.

Юсуф Солиҳов дар моҳи июли соли 2023 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Русия дастгир ва сипас ба Душанбе фиристода шуд

Додситонии кулли Русия рӯзи 4-уми июли соли 2023 навишт, ки куштори аъзои як хонавода 14-уми октябри соли 1992 дар деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира иттифоқ уфтодааст. Дар изҳороти Додситонии кулли Русия гуфтаанд, “дар миёни қурбониён як зани обистан ҳам буд”.

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта дар бораи боздошт ва ҳабси баъзе аз афроди муттаҳам ба содир кардани ҷиноят дар замони ҷанги дохилӣ хабар додаанд.

Яке аз онҳо фармондеҳи пешини Фронти халқӣ (1992-1997) Хӯҷа Каримов (Хӯҷа-Командираст, ки баъди бист соли фирор дар Дубай дастгир ва ба Душанбе оварда шуд. Ӯро дар моҳи феврали соли 2022 ба 21 сол зиндон маҳкум карданд.

Аммо бисёре аз ҷиноятҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳанӯз нокушода боқӣ мондааст.

Манбаъ: радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ)

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button