ВидеоФарҳанг

АЗ “ҚАЛАМРАВИ МЕҲР” ТО ФИЛМИ “РОҲ”-У “МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ ВА ОСОРИ БРАГИНСКИЙ: ДОВТАЛАБОНИ ҶОИЗАИ РӮДАКӢ-2024

Асарҳое, ки ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар бахшҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024 пешниҳодшудаанд, муайян гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар асоси низомномаҳои кумита ва ҷоиза, қарорҳои бахшҳо ва раёсати кумита асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024 пешниҳод шудаанд:

Дар бахши адабиёт Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмуаи шеърҳои Рустам Ваҳҳобзода «Қаламрави меҳр», Душанбе, нашриёти «Адиб», 2022-ро пешниҳод намудааст.

Дар бахши театр ва синамо Раёсати Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии «Роҳ»- коргардон Носир Саид, муаллифи сенария Сафар Ҳақдод, наворбардор Георгий Дзалаев, оҳангсоз Далер Назаров ва офарандагони нақшҳои асосӣ — Надежда Муҳаммадҷонова, Зулфия Қодирова, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова ва Абдукарими Машрабро пешниҳод намудааст.

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ аз ҷониби Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон «Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ»-и Ҷӯрахон Обидпур (Нашриёти «Истеъдод», 2021) пешниҳод шудааст.

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон асари меъмории «Тахти тоҷикон» дар маҷмааи «Майдони Истиқлол» (соли 2021)-и Самӣ Азизиёнро пешниҳод намудааст.

Дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои «Кафшергар»-и Равшан Махсумзодро, ки соли 2023 дар нашриёти «Истеъдод» чоп шудааст, пешниҳод намудааст.

Дар бахши публитсистика. Аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи очерк, мусоҳиба ва мақолаҳои публитсистии Абдураҳмон Абдуманнон «Аз дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик» (нашриёти «Адиб», соли 2022) пешниҳод гардидааст.

Инчунин Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ Иосиф Брагинскийро барои силсилаи асарҳои адабиётшиносӣ, чопи осори адибони тоҷик дар нашриёти Русия ва Аврупо ва тарғиби собитқадамонаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик пешниҳод намудааст.

Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз мутахассисон ва тамоми ҳаводорони адабиёту санъат хоҳиш менамояд, ки моҳҳои март-май дар муҳокимаи ин асарҳо тавассути воситаҳои ахбор фаъолона иштирок намоянд.

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ аст, ки барои комёбиҳои намоён дар соҳаҳои адабиёт, ҳунар ва меъморӣ эҳдо мешавад. Ҷоиза 2 январи соли 1963 таъсис ёфта, иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони ҷумҳурӣ ба он беҳтарин асарҳоро пешниҳод месозанд ва баъди баррасии ҳамаҷониба барандагон эълон мегарданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button