ВидеоКоррупсияНомаҳо ба президентТоҷикистонҲуқуқи инсон

23 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ Ё РОТАТСИЯ ДАР СОХТОРҲОИ ДОДГОҲИИ ТОҶИКИСТОН

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 феврали соли 2024 бо имзои фармони №755 дар сохторҳои додгоҳии кишвар 23 тағйироти кадрӣ ба амал овард, ки аксараш ба ротатсияи додрасҳо, яъне аз як вазифа гирифтану ба вазифаи дигар таъйин кардани онҳо шабоҳат дошт.

Аз ҷумла бо ин фармони президент, Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанд озод гардида, раиси суди вилояти Суғд ва Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди вилоят таъйин шуд. Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон, ки то имрӯз раиси суди ноҳияи Ҷайҳун буд, аз ин мақом озод ва раиси суди шаҳри Кӯлоб таъйин шудааст.

Ҳамин тавр, Шарифзода Рудоба Ҳомиддин, духтари вазири собиқи корҳои дохилии Тоҷикистон Ҳумдин Шарипов, аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин гардид. Ҷои зикр аст, ки дар рӯзҳои охир Рудоба алакай сеюмин фарзанди шодравон Ҳумдин Шарипов аст, ки ба мансабҳои баланд таъйин мешаванд. Аз ин қабл, рӯзи 5 январ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Шарифзода Фаррух Ҳомиддин, сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркия ва Туркманистон ба мақоми муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардида, дар поёни моҳи январ писари дигари Ҳумдин Шарипов Шарифзода Фирӯз Ҳумдин, ки то кунун муовини раиси Бонки миллӣ буд, муовини аввали раиси ин бонк таъйин карда шуд.

Аммо баргардем ба таъйиноти судяҳо, ё додрасҳо.

Бо фармони №755 аз 12 феврал, ҳамчунин Сангинзода Гайрат бо тарки вазифаи раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шуд. Нурализода Сафарбек Маҷид аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Ҷайҳун, таъйин шуд. Раҳбарии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро ба  Кабирзода Сарфароз Мизроб супурдаанд, ки то имрӯз муовини аввали раиси ин додгоҳ буд. Гуфтанист, ки Сарфароз Кабирзода писари Мизроб Кабиров, як мансабдори дар гузашта пурнуфуз аст, ки дар мақомҳои раиси Шӯрои адлия, раиси комиссияи марказии интихобот, раиси дастгоҳи парлумони Тоҷикистон кор кардааст.

Ҳамчунин, рӯзи 12 феврал, Сафарзода Диловар Амиралӣ аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, раиси суди ноҳияи Панҷ таъин  шуд. Раиси қаблии додгоҳи ин ноҳия Абдураҳмонзода Бахтиёр Саидумрон дар поёни моҳи январ бо иттиҳоми гирифтани пора ба маблағи 122 ҳазор сомонӣ ба даст афтод ва бо фармони президент бо ибораи “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз кор пеш карда шуд.

 Саидшозода Зафар Сафаралӣ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд озод гардида, раиси суди ноҳияи Муъминобод таъин  гардид. Дар айни замон, Раҳмон Ҷӯрахон Қурбоналӣ, ки то имрӯз раиси суди ноҳияи Муъминобод  буд, ба ҷои Саидшозода муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд шуд.

Сангинзода Ғайрат бо таркиз вазифаи раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шуд. Бурҳониён Маъруфҷон, ки дар додгоҳи вилояти Суғд додраси оддӣ буд, раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов шуд.

Ҳамин тавр,  Аҳмадзода Акрам аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод гардида, раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин карда шуд.

Ҳамин тавр,  чанд нафари дигар ба ҳайси додрас дар додгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Суғду Бадахшон таъйин шуданд.

Бо вуҷуди онки ин тағйирот бештар ба ротатсия шабоҳат дошт, хадамоти матбуоти президент таъкид кардааст, ки “ба вазифаҳои раиси суди вилояти Суғд, раиси суди шаҳри Кӯлоб, раисони судҳои ҳарбӣ дар гарнизонҳои Душанбею Хуҷанд, раисон ва муовинҳои раиси суд ва судяҳо дар якчанд шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавону варзида ва болаёқат таъйин гардиданд.”

Рӯзи 12 феврал президент Эмомалӣ Раҳмон додрасҳои навтаъйинро ба ҳузур пазируфта, аз онҳо дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ ва аз худ кардани камаш ду забони хориҷиро тақозо кардааст.

“Сарвари давлат … бахусус ба забондонии онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъкид дошт, ки донистани забони давлатӣ дар сатҳи баланд ва ба ҳамин сатҳ аз худ намудани ду забони хориҷӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар хизматчии давлатӣ аст. Супориш дода шуд, ки барои омӯзиши амиқи забонҳои хориҷӣ ба кормандони мақомоти судӣ ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ як сол муҳлат дода шавад ва дар сурати иҷро нашудани ин талабот нисбаташон чораҳои зарурӣ амалӣ карда шавад”, — гуфта мешавад дар иттилоияи расмӣ аз ҷараёни мулоқот.

“Поквиҷдону поктинат бошед, хушмуомила бошед, зеро иззату эҳтироми кас дар ҷомеа танҳо аз роҳи хизмати беғаразона ба мардум ба даст меояд”, — таъкид кардааст ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба додрасҳо.

Додгоҳҳои Тоҷикистон аз ниҳодҳои аз ҳама фасодзада дар ин кишвар ба шумор мераванд. Корафтодагон мегӯянд, бидуни додани пора ҳал кардани ягон мушкил дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба як амри тақрибан номумкин табдил ёфтааст.

Дар Тоҷикистон тақрибан 400 додрас кор мекунанд. Ҳамаи онҳо бо фармонҳои президент таъйину барканор мешаванд. Ҳар сол президент Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории чандин додрасро бо ҷурми “содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” имзо мекунад. Бино ба ҳисобҳо, дар солҳои охир тақрибан 40 судя, ё тақрибан 10 фоизи додрасҳои ҷумҳурӣ бо чунин ҷурм тарки мансаб кардаанд. Аксари онҳо маҳз ҳангоми гирифтани пора ба даст меафтанд. Вале мақомот одатан аз шарҳи парвандаҳои додрасҳои бадастафтода худдорӣ мекунанд.

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ  12.02.2024

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди вилояти Суғд таъин карда шавад.

2. Муҳиддинзода Баҳодур Бобохон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон озод гардида, раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин карда шавад.

3. Нурализода Сафарбек Маҷид аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъин карда шавад.

4. Сафарзода Диловар Амиралӣ аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардида, раиси суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъин карда шавад.

5. Саидшозода Зафар Сафаралӣ аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин карда шавад.

6. Сангинзода Ғайрат аз вазифаи раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин карда шавад.

7. Бурҳониён Маъруфҷон аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таъин карда шавад.

8. Кабирзода Сарфароз Мизроб аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

9. Шарифзода Рудоба Ҳомиддин аз вазифаи муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод гардида, раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин карда шавад.

10. Раҳмон Ҷурахон Қурбоналӣ аз вазифаи раиси суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон озод гардида, муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шавад.

11. Аҳмадзода Акрам аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод гардида, раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин карда шавад.

12. Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод гардида, муовини раиси суди вилояти Суғд таъин карда шавад.

13. Абдуғафорӣ Анварҷон аз вазифаи раиси суди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд озод гардида, судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

14. Пирумшозода Бахтиёр Улфатшо аз вазифаи судяи суди шаҳри Роғун озод гардида, судяи суди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

15. Искандарзода Шаҳриёр аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд озод гардида, судяи суди вилояти Суғд таъин карда шавад.

16. Мирзозода Собир Зайдулло аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

17. Муқимӣ Анис Аминзод аз вазифаи судяи суди шаҳри Турсунзода озод гардида, судяи суди шаҳри Душанбе таъин карда шавад.

18. Шарифзода Саидхоҷа Шарифхоҷа аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод гардида, судяи суди шаҳри Роғун таъин карда шавад.

19. Ширинзода Джурабек аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод гардида, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор таъин карда шавад.

20. Эркинзода Отабек аз вазифаи судяи суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод гардида, судяи суди ноҳияи Ашт таъин карда шавад.

21. Абдуллозода Шерзод аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод гардида, судяи суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд таъин карда шавад.

22. Иброҳимзода Исроил Исмоил аз вазифаи судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон озод гардида, судяи суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин карда шавад.

23. Назри Муҳаммадвали судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
12 феврали соли 2024
№755

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Мубтадо, хабар, пуркунанда, муайянкунанда, муайяншаванда, ҳол гуяд:

    Чаро судяи тоҷик бояд забони хориҷиро омӯзад? Забони хориҷиро донистан барои дипломатҳо ё журналисту тарҷумонҳо муфид аст. Судяҳо забони давлатиро дар сатҳи зарурӣ намедонанд, боз 2-забони хориҷиро омӯзанд, ҳамин аст, ки “говсуд” зиёд шудааст. Айб аст, ки ҳатто ба судя ҳам диктават кунӣ, ки чиро донад, чиро надонад, агар забони хориҷӣ ҳатмӣ ё зарурӣ бошад, бигузор қабл аз таъин шудан ба мақоми судягӣ, имтиҳони забони хориҷӣ бисупорад. Аслан сиёсати нодуруст. Аввал забони форсӣ-тоҷикиро ба осмони ҳафтум бурда, овозаи дунё мекунем, баъд 2-забони хориҷиро маҷбур ба гардани миллат бор мекунем?! Банда худам 8-бародару хоҳар дорам, суол кардам, ягонтааш “мубтадо” ва “хабар”-ро намедонанд, чист!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button