ВидеоНуқтаи назарҶомеа

15 БЛОГЕРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023: НОМ БА НОМ

Анҷумани блогерони Тоҷикистон рӯзи 24 декабри соли 2023 дар як маросими вижа исми 15 блогери беҳтарини солро дар 15 номинатсия эълон кард.

Дар рафти озмун, ки дар он 77 нафар ширкат доштанд, 15 номинатсия пешниҳод гардид. Пас аз даври аввали овоздиҳӣ тариқи паёмакҳо (СМС), 45 нафар  ба сегонаи беҳтарини ҳар як категория дохил шуданд.

Баъдан, бо иштироки ҳайати ҳакамон раванди интихоби ҷоизадорон сурат гирифт, ки онҳо ба довталабон аз рӯи як қатор меъёрҳо баҳо доданд. Дар натиҷаи арзёбии ҳакамон ғолибон аз миёни се ҷои аввал дар ҳар як номинатсия интихоб шуданд.

Ахиран дар шаҳри Душанбе дар як маросим ба 15 ғолиби озмун ҷоизаҳои беҳтарин блогерҳои тоҷик дар риштаҳои мухталиф  супорида шуд.

Ин 15 нафар дар бахшҳои мухталиф, чун видеоҳои кӯтоҳи ҳаҷвӣ, зебоӣ ва ороиш, мӯд, пухтупаз, тарзи зиндагӣ ва саёҳат, ҳунари нақшофарӣ,  варзиш, тиҷорат, маориф, технология ва хайрхоҳӣ беҳтарин дониста шуданд.

Чанде аз блогерҳои матраҳи ҷумҳурӣ, ба мисли Барон, Ғолиб Шоу ва Диловар Сафаров ба рӯйхатти беҳтаринҳо роҳ наёфтанд.

 Нозирон ҳамчунин ба ин нукта ишора мекунанд, ки маросими тақдими ҷоизаҳо ба беҳтарин блогерҳои тоҷик дар ҳоле баргузор шуд, ки соли 2022 чандин блогер дар Тоҷикистон, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода,  Хушом Гулям, Комчек Мирзоев бо ҷурмҳои гуногун, асосан бо ҷурми “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ” ва “узвият дар гуруҳҳои муташаккилонаи ҷиноятӣ”  боздошт ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд.

Ҳамзамон тавре ба назар мерасид, мақомот дар Тоҷикистон дар ин як соли охир аз блогерон дар маъракаҳои пропагандистӣ, аз ҷумла дар ҳамлаҳо ба мухолифини сиёсии ҳукумат ба сурати фаровон истифода бурданд.

Озмуни блогерҳои беҳтарини Тоҷикистон имсол инак бори дуюм доир шуд. Соли гузашта блогерҳои беҳтаринро дар 10 номинатсия Эътилофи занони журналисти Тоҷикистон  муайян ва эълон карда буд.

Ин 15 нафар блогерҳои беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2023 дониста шуданд:

1. Вайнери сол (Азиза Мухторова)Азиза Мухторова


2. Блогнависи бахши зебоӣ (Нилуфар Ҳалимова)


3. Блогнависи мӯди сол (Хуршед Сатторов)


4. Блогнависи бахши ғизо (Нигорахон Алимова)


5. Мушовир-блогери сол (Сайдакрам Шукуров)

6. Блогер дар бахши зиндагӣ (Азизбек Елов ва ҳамсараш Раҳима)


7. Актер-блогнависи сол (Фарух Сангинов)

8. Актриса-блогнависи сол (Дилноза Раҳимӣ)

9. Автоблогнависи сол (Музаффар Бобораҳматов)Дилноза Раҳимӣ


10. Блогнависи соҳаи варзишии сол (Қамариддин Ҳасанов)

11. Шахси муваффақи сол (Фаррух Ҳасанов)


12. Блогнависи тоҷири сол (Саидмурод Давлатов)

13. Муаллим-блогнависи сол (Беҳрӯз Ҳафизов)

14. Блогнависи техникии сол (Зинхор Насриддинзода)


15. Хайрхоҳ-блогнависи сол (ТВ Солехин)

Ба директори Ассотсиатсияи блогнависони Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов медали «Пешвои ИДМ» супурда шуд.


Ба ғолибони ҷоиза дипломҳои хотиравӣ ва ҳайкалчаҳои рамзии дастовардҳо ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои худ супурда шуданд.


Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button